Иштироки донишҷӯёни ДДҲБСТ дар озмунҳои байналмилалӣ
Санаҳои 20-24 апрели соли равон 3 нафар донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ, гуруҳи таҳсилашон бо забони англисӣ, бо роҳбарии дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ Манзура Ҳомидова дар озмуни байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ба номи Ф.Ф.Мартенс, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Озмуни мазкур байни донишгоҳҳои бонуфузи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Россия, Беларус, Армения, Казахстан, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон) доир шуда, дар он донишҷӯёни 16 донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд. Дастаҳое, ки соҳиби холҳои баланд шуданд, ба марҳилаи дигар, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, роҳхат гирифтанд.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳаи ҳуқуқшиносии тоҷикро муаррифӣ намуда, барои иштироки фаъолонаашон бо Диплом қадршиносӣ карда шуданд, ки барои рушди касбии донишҷӯёни ҳуқуқшиносӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Иштироки донишҷӯёни Донишгоҳ дар чунин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ амалӣ шуда, ба таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти иқтидори илмию эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода донишҷӯёнро бо ин дастоварди назаррас табрику таҳният гуфта, барои онҳо дар корҳои минбаъдаашон муваффақият орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ низ донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ комёб шуда буданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











