ДДҲБСТ: Мулоқоти намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳ
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии ходимони илмии Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн ва сарходими илмии шуъбаи мазкур доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Тоҳир Қамар бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони ректор, роҳбарони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо, муовинони деканҳо, инчунин роҳбарони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуданд.
Мулоқоти мазкур бо мақсади тақвияти корҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалишавии Барномаи таълиму тарбияи шаҳрвандон барои солҳои 2026-2030 доир гардид.
Дар оғози ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳ Шаҳнрза Норматова суханронӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн ва сарходими илмии шуъбаи мазкур доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қодирзода Тоҳир Қамар оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии ҷомеа, шарҳу тавзеҳи муҳтавои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба фаҳмондадиҳии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзиму анхана ва ҷашну маросимҳо” ибрози андеша намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ,истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқоту суҳбатҳои судманд барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мусоидат намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муҳим мегузоранд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа















