Ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи сенаторони Фаронса ба ДДҲБСТ ва иштироки онҳо дар конференсияи байналмилалии “Муаммоҳои глобалии экологӣ”

27 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташрифи ҳайати расмии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид. Ба ҳайати меҳмонон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элза Пеньол, инчунин сенаторони Фаронса- Эрве Морэ (роҳбари гурӯҳи дӯстии «Фаронса–Осиёи Марказӣ»), Дэвид Росс, Анн-Катрин Луазье ва Пьер Барро шомил буданд. Меҳмононро намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Хуршед Муродзода ва роҳбари Маркази фарҳанги Фаронса дар вилояти Суғд  Муким Темуров ҳамроҳӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ва ҳайати роҳбарияти муассиса бо эҳтироми хоса ва фазои гарму самимӣ меҳмононро истиқбол намуданд. Зимни мулоқоти расмӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идомаи сафар бо иштироки ҳайати меҳмонон, устодону донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Муаммоҳои глобалии экологӣ» баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ Шероз Мӯминзода ифтитоҳ намуда, дар сухани худ ба аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои об ва иқлим таъкид кард. Ӯ махсусан саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди рӯзномаи глобалии обу иқлим ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, директори Маркази ҳамгироӣ ва дипломатияи Донишгоҳ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Акмалова М. А. оид ба тадбирҳои амалишаванда дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим андешаҳои илмӣ баён намуд.

Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин маърӯзаҳо дар бораи нақши дипломатияи илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ пешниҳод гардиданд.

Хонум Элза Пеньол дар баромади худ дар мавзуи «Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Фаронса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаммоҳои обу иқлим» аз таҷрибаи ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда, омодагии ҷониби Фаронсаро барои тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои идоракунии захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи барномаҳои муштарак таъкид намуд.

Ҳамзамон, сенатор Эрве Морэ дар мавзуи «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи иқлим» баромад намуда, нақши калидии ҷавононро дар пешбурди ташаббусҳои экологӣ ва ташаккули фарҳанги масъулиятнок нисбат ба муҳити зист махсус таъкид кард.

Дар фарҷоми ҳамоиш муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризозода Т. Р. дар мавзуи «Муаммоҳои экологии замони муосир ва роҳҳои ҳалли он» маърӯза намуда, пешниҳодҳои амалии худро, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои сабз, рушди иқтисоди «сабз» ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ иброз дошт.

Инчунин, роҳбари Маркази фарҳанги Фаронса дар вилояти Суғд  Муким Темуров перомуни ҳамкориҳои Донишгоҳ бо Алянс ибрози назар кард.

Ҳамоиш дар фазои илмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти ҳалли муаммоҳои глобалии экологӣ ва таъмини рушди устувор изҳор намуданд.

 Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like