Муҳоҷират, экстромизм ва терроризм  

Муҳоҷирати аҳолӣ яке аз пайдоишҳои хоси ҳаёти ҷамъияти ҷаҳонӣ дар нимаи дуюми асри ХХ гардида, интиқоли одамонро аз сарҳадҳои муайяни ҳудудҳо бо ивазкунии макони доимии зист ё баргаштан ба он дар бар мегиранд.

Сабабҳои муҳоҷирати қувваи коргарӣ ин омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, миллӣ, динӣ, нажодӣ ва ғайра шуда метавонанд. Сабабҳои дигар ин характери иқтисодӣ ва сатҳи гуногуни иқтисодии тараққиёти мамлакатҳои гуногун мебошад.

Омилҳои асосии иқтисодие, ки муҳоҷирати қувваи коргариро муайян мекунад, ин вуҷуд доштани дараҷаи баланди бекорӣ дар як қатор мамлакатҳое, ки то ҳоло онҳо суст тараққӣ қардаанд. Омили муҳими муҳоҷирати меҳнатии байналхақӣ ин баровардани сармоя, ташкилкунии корпаратсияҳои байналхалқӣ мебошад.

Метавон гуфт, ки муҳоҷират тамоми манотиқи оламро фаро гирифта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст. Дар солҳои 90-уми асри гузашта теъдоди муҳоҷирон дар дунё ба 45 миллион нафар баробар буд. Ҳоло бошад тибқи маълумот ин рақам ба 150 миллион нафар расидааст.

Тасаввур кунед, ки давлати Амрико бо вуҷуди пешрафту иқтидормандӣ дар сайёра зиёда аз 4 миллион нафар муҳоҷири меҳнатӣ дорад. Муҳоҷирони меҳнатии амрикоӣ асосан дар давлатҳои Мексика, Канада, Англия, Германия, Изроил, Италия, Филипин, Австрия, Франсия ва Испания кору зиндагӣ мекунанд.

Вале, душманони миллати тоҷик аз ҷумла Кабирӣ, М.Садриддин, Ш.Гадоев ва ҳаммаслакони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, чунон иброз медоранд, ки гӯё ба раванди муҳоҷират танҳо мардуми Тоҷикистон ҷалб шуда бошанд.

Баъзе аз муҳоҷирони мо, ки аз Ватан ва наздикони худ дур мебошанд аз ин хоинон истифода намуда, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита онҳоро ба худ ҷалб намоянд ва назари онҳоро нисбати Тоҷикистон бад намоянд.

Ҳамаи мо медонем, ки тарғиби маводҳои бардуруғи зиддидавлатӣ аз ҷониби ин хоинони миллат бори аввал набуда, онҳо мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистон суханҳои сиёҳкунанда паҳн менамоянд ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати нотинҷ ва давлате, ки дар он қонуният нест муаррифӣ мекунанд.

Дар баромадҳои худ ин хоинони миллат чунон суханҳои бардурӯғ мегӯянд, ки дурӯғии онро тамоми Тоҷикистониён медонанд.

Барои мисол баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз ҷониби Муҳаммадиқболи С. санаи 19 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии бо номи “Ислоҳ. нет” маводе нашр намуд, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон заминҳои ноҳияи Мастчоҳро ба Ӯзбекистон дода бошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин суханон комилан дурӯғ буда, танҳо хусусияти иғвоангезӣ дораду халос. Зеро худ шоҳид ҳастем, ки ягон ваҷаби ноҳияи Мастчоҳ ба давлати ҳамсоя нагузаштааст. Ин танҳо як маълумоте ҳаст, ки М.Садриддин мехоҳад бо воситаи он дили мардуми Мастчоҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон “хунук” намояд ва онҳоро ба шӯриш нисбати давлат бархезонад. Яъне ба воситаи ин маълумотҳои бардрурӯғ ӯ мехоҳад мардумро ба митинг ва ҷанг даъват намуда, ба манфиати худ, ки мақсади ӯ ва Кабирӣ бо роҳи зӯри ғасби ҳокимият мебошад истифода баранд.

Чунин маълумотҳои бардурӯғро хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, ки мақсади асосии онҳо ноором сохтани фазои иттилоотии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Вале, мутаъсифона баъзе аз ҷавонони мо, ки дар муҳоҷират қарор доранд бехабар аз ҳолати воқеии Тоҷикистон ба суханони ин хоинони миллат бовар мекунанд.

Вобаста ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба тамоми наздикони худ, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд ҳамеша дар тамос бошем ва ба онҳо таъкид намоем, ки ба суханҳои иғвоангезон ҳаргиз бовар накунанд.

Мо мардуми Тоҷикистон аллакай кайҳо аз нақшаи ғарази ин хоинони миллат огоҳӣ дорем ва бо боварии том мегӯем, ки ба ин суханони иғвоангезонаи онҳо ҳаргиз бовар нахоҳем кард. Зеро мақсади асосии ин хоинон боз Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрванди кашидан ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ғасби ҳокимият мебошад.

Муродбекова М. – дотсент, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like