МАРЗИ ЯГОНАИ ТОҶИКИСТОН ТАҚСИМ НАШАВАНДА АСТ
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатӣ, яъне хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазоӣ ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Яъне, ҳудудест, ки амали соҳибистиқлолӣ, мустақилияти кишвар, ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 7), «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Тоҷикистон аз Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.
Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст».
Дар радифи ин, сиёсати сарҳадӣ ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принсипҳои байналмилалии эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон: сарҳади давлатиро ҳамчун хати муайянкунандаи ҳудуди фазоии қаламрави (хушкӣ, обҳо, қаъри замин, фазоӣ ҳавоии) аз ҷиҳати ҳуқуқӣ тақвиятгардидае, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии комил ва тамоми ҳуқуқҳо бархурдор мебошад, арзёбӣ менамояд; дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хати Сарҳади давлатии худро, ки дар рӯзи эътибор пайдо кардани ҳамин Қонун санадҳои амалкунандаи байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо – собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад; ҳангоми муқаррар намудан ва тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, муқаррар ва ба роҳ мондани муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя дар сарҳад, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тадбирҳои мутобиқ ба мақсадҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти байналмилалӣ, манфиатҳои ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсоя, принсипҳои ҳаллу фасли осоиштаи бидуни зурӣ масъалаҳои сарҳадиро анҷом медиҳад; дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқарраркунии низомии Сарҳади давлатӣ ва фаъолияти оид ба ҳимоя ва муҳофизати онро бо давлатҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоҳанг месозад.
Ҳодиса ва воқеаҳои дар сарҳади ду кишвар бародар Тоҷикистон ва Қирғизистон гузашта шаҳодат медиҳанд, ки шаҳрвандони ин давлатҳои ба ҳамдўст буда, соҳибистиқлолӣ ва рушди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро эътироф менамоянд, таъмин мукунанд. Дар амали худ кўшиш карда истодаанд, ки сулҳу оромӣ, дўстии халқҳо дастболо бошад. Лекин ақидаҳои нодуруст, хато ва дурўғи баъзе аз шахсони зараррасон байни дўстии халқҳо иғво, тўҳмату ҷанҷолҳоро кўшиш ба миён оварданро карда истодаанд.
Тоҷикистон аз таърихи қадимулайём маълум аст, ки ҳамчун давлати абарқудрат арзи вуҷуд дошт. Аммо дар таърихи худ нисбати ягон давлат, ҳалқу миллат тўхмату иғво, дурўғу ҷанҷолро ба миён наовардааст ва ин хел фикр ҳам карда наметавонад.
Аз қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд: «Ташвиқоти ҷанг манъ аст» (моддаи 11).
Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Самадов Б. О. – н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ