Даъвои иғвогарона

Вокуниш ба мақолаи “Профессори қирғиз: чоряки қаламрави     Тоҷикистон сарзамини Қирғизҳост”. Мо ба даъвоҳои хандаовар ва иғвогаронаи профессори қирғиз Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов), журналист ва муаррихи қирғиз, собиқ мудири дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек ва раҳбари кунунии Бунёди “Мурас” (“Мерос”) як бунёди марбут ба идораи Президенти Қирғизистон аст, куллан зид ҳастем. Ў дар мусоҳибааш бо нашрияи KoomPress  на фақат Мурғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистонро “сарзамини қирғизҳо” номида, иддао кардааст, ки ҳатто номи Хуҷанд на решаҳои форсӣ, балки решаҳои туркӣ дорад.

Тавре ба ҳамагон мусаллам аст, Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, тибқи нишондоди баъзе сарчашмаҳо, бунёди шаҳр ба асрҳои VII-VI то милод рост меояд. Хуҷанд шаҳрест, ки онро Куруши Кабир ҳадафи ба давлати худ ҳамроҳ карданро дошт ва ин шаҳр дар қисмати шимолу ғарбии Империяи бузурги Ҳахоманишиҳо ҷойгир буд.

Хвакант-номи аслии қадимаи шаҳри Хуҷанд буда, маънояш шаҳри офтобӣ мебошад ва ягон рабту алоқамандӣ ба гуфтаҳои профессори қирғиз надорад ва дошта ҳам наметавонад.

Хуҷанд аз ҷониби Искандари Мақдунӣ забт гардида, он аз нав бунёдгузорӣ  ва мустаҳкам гардид, ки ба он Искандарияи Ақсо (Александрия Эсхата, шаҳри канории Искандар) ном гузоштанд. Ин шаҳр дар шоҳроҳи бузурги Роҳи Абрешим қарор дошта, шаҳри бостонии Самарқанду водии Фарғонаро ба ҳам пайваста, мавқеи геополитикиро соҳиб буд ва аҳамияти аввалиндараҷаи коммуникатсионӣ дошт. Баъдан дар асри VII-и мелодӣ аз ҷониби арабҳо истило гардид ва дар солҳои 1219-1220 ба лашкариёни Чингисхон муқобилияти шадид нишон дод, аммо қисман ба харобазор табдил гардид.

Баъдан, шаҳр боз аз нав барқарор гашта, ба яке аз марказхои бузурги тиҷоратӣ, маданӣ ва илмии минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал гардид.

Аз даврони бостон Хуҷанд дар чорроҳаи бузурги тиҷоратии Машриқзамин қарор дошта, яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ, низомӣ-стратегӣ ва фарҳангии Вароруд ҳисоб меёбад.

Аз даврони кадим Хуҷанд ватани ситорашиносони машҳур, риёзидонҳо, табибон, муаррихон, шоирону мутрибон маҳсуб меёфт. Яке аз онҳо асосгузори мактаби ситорашиносӣ  Абўмаҳмуди Хуҷандӣ маҳсуб меёбад.

Дар асри XIV бошад, Камоли Хуҷандиро чун булбули Хуҷанд чун ғазалсарои машҳури машриқзамин  шинохтанд. Ҳамзамон, дар асрҳои миёна шоира, мутриби мумтоз Маҳастии Хуҷандӣ ба ҳамагон маълуму машҳур аст. Баъдан дар асри XIX бошад, дар Хуҷанд равшанфикрони зиёде аз қабили Тошхоҷа Асирӣ, Содирхон Ҳофиз, Ҳоҷи Юсуф ва дигарон буданд, ки ифтихори хуҷандиён ва қаламрави берун аз он махсуб меёбанд. Ҳатто имрўз низ Хуҷанд маркази асосии саноатӣ, илмӣ ва  фарҳангии Тоҷикистони шимолӣ махсуб меёбад.

Агар профессори унвондор маълумот дошта бошанд, заминҳои кунунии Қирғизистон собиқ заминҳои мардуми тоҷик аст, ки баъди тақсимоти миллӣ-маъмурӣ ба мардуми кучманчии қирғиз дода шуд. Ддаъвоҳои профессори беандешаи қирғиз асоси илмӣ ва мантиқӣ надоранд.

Султонова А.Ҷ. – муаллими калони

кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like