Нохалафони наҳзатӣ
Дар шароити муосир бисёр муаммоҳо ба назар мерасанд, ки давлатҳои ҷаҳон тариқи ҳамкориҳову дастаҷамъона баҳри азбайнбарии онҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар ин раванд Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъол ва пешсаф мебошад, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби ифротгароиву тундгароӣ муборизаи қатъӣ мебарад. Ин мубориза барои таҳкими амният на танҳо барои минтақа, балки барои ҷаҳони муосир аст ва давлатҳои ҷаҳон ба ин иқдомоти Тоҷикистон баҳои баланд медиҳанд.
Аммо хоинони миллат бошанд аз хориҷи кишвар истода дастовардҳои Тоҷикистонро нодида мегиранд ва бо андешаҳои пучу бемаъниашон сари мардумро гиҷ кардан мехоҳанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки андеша ва хаёлҳои хоми Кабириву ҳаммаслаконаш умуман асар надоранд ва бо иборае «собака лает»-ба шабоҳат дорад.
Имрӯз ҳизби экстремистии наҳзат бо дастгирии хоҷагони манфиатҷӯ дар қабои одамӣ тинати аҳриманонаи худро нишон дода, бар зидди миллат, давлат, модару Ватан бо таъсиси созмони “Паймони миллӣ” нақшаҳои ноҷавонмардонаро тарҳрезӣ намудааст. Вале мардуми Тоҷикистон он чунон гумроҳ нест, ки шумо бо мағзҳои пучи худ мепиндоред. Мо ростро аз дурӯғ ва хубро аз бад фарқ мекунем. Хатароти мавҷударо дар баробари худ эҳсос мекунем. Мо ба Ҳукумати худ боварӣ дорем ва иқдомҳои онро, ки барои беҳбудии халқ равона карда шудаанд, дастгирӣ менамоем.
Доир ба рушди иқтисодиёти кишвар зикр менамоем, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун давлати ислоҳотгар медонанд ва новобаста аз вазъи мушкили ҷаҳони муосир Тоҷикистон дар самти иқтисодиёт низ дастовардҳои назаррасро нишон медиҳад. Чунончӣ,дар шароити вазнини иқтисодии ҷаҳонӣ ва муаммоҳои молиявии ҷаҳонӣ ММД-ии кишвар хуб ба роҳ монда шудааст ва маоши кормандони соҳаи буҷетӣ мунтазам баланд бардошта мешавад. Аз ин рў мо аз дастовардҳои кишвари азизамон хушҳол ҳастем ва бо муттаҳидии мардуми шарифи кишвар баҳри сазовор пешвоз гирифтани санаҳои таърихии мамлакат кору фаъолият менамоем.
Ҳамин тавр, дастовардҳо ва комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту фарҳанг ва илму маориф симои Ватани моро ба куллӣ дигаргун сохтанд. Дар таърихи ватандории миллати куҳанбунёди тоҷикон ин арзёбиҳо ва натиҷаҳои зиндагии шоиста назир надоранд. Бинобар ин, мо мардуми бофарҳанги тоҷикро зарур аст, ки сулҳу оромиро чун гавҳараки чашм муҳофиз бошем. Нагузорем нохалафе, нопоке, номарде дар дами фиребу найрангҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгароӣ бо тафаккури бегона ба амнияти кишвар ва осудагии мардум халал ворид намояд. Аз ин рӯ, ҷавонону наврасонро бояд дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Аз давраи кудакӣ дар ниҳоди онҳо меҳри Ватан, ҳимоя аз марзу буми онҳо парвариш диҳем.
Сайфуллоева М.А. – н.и.ф., дотсенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ