Фаъолияти наҳзат аз оғоз то интиҳо иғвою тўҳматандозӣ
Иззат Амонро надуздидаанд, чунки вай худаш дар Россия дуздӣ, қаллобӣ кардааст, яъне бо роҳи фиребу дурўғ аз муҳоҷирони меҳнатӣ маблағ ситонидааст. Барои аз худ кардани кўмакҳои молии муҳоҷирон, яъне барои ба мақсади ғаразноки худ расидан ў “Маркази тоҷиконро” моҳирона истифода кардааст. Дар ин самт аз маргу дигар мушкилотҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба манфиати худ сарват ҷамъ кардааст, ки ин худ амали савоб нест, яъне ин амали зишт аст.
Иззат Амон тарафдори равияи «ТЭТ ҲНИ», «Гурӯҳи 24» мебошад. Ташкилотҳои номбурда ба бадномкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сиёсии он бо мақсади баргаштан ба ҳолати сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-уми асри ХХ машғул ҳастанд, яъне ин ҳамон наыфароне ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба ғарқоби хун гирифтор намуданд, имрўз бошад даъвои ватандўстию ватандорию соҳибватан буданро доранд. Онҳо пойдорию устувории сўлҳу ваҳдати Тоҷикистонро дидан намехоханд, ҳасад мебаранд, махсус пешравиҳое, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ назаррас ҳастанд нодида мегиранд, чунки мақсади дигаргунсозии сохтори конститутсионии Тоҷикистонро (иҷборан ба давлати исломӣ табдил додан) доранд. Барои ҳамин онҳо дастибадаст гирифта Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба вартаи ҳалокат расониданӣ ҳастанд.
Ба мақолаи “Одамрабоӣ (гуфтугў бо “Пешвои миллат”) мухтасар чунин посух дорем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: Қаҳрамони миллат аст; соҳибқирони миллат аст; ҷону ҷаҳони миллат аст; Пешвои муаззами миллат аст, ному нишони миллат аст; мушкилкушои миллат аст; ақли расои миллат аст. Ҳамагон бидонед, ки пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек нишони фарқкунандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Бубинед дар як муддати кўтоҳи таърихӣ баъди ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон чи қадар корҳои неки созандагӣ, ободонӣ ба анҷом расид ва ҳоло боз ин иқдоми нек идома дорад. Эмомалӣ Раҳмон марди майдон аст: таърих гувоҳ аст, ки бе силоҳ (замони ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон) ҷони худро дареғ надошта ба Афғонистони ҷангзада рафта шаҳрвандони гурезаро ба ватан баргардонд. Ин амал ҳам ҷасорат, ҳам савоб ва ҳам қаҳрамонӣ аст! Бинобар ҳамин ў ёри халқ аст, ғамхорӣ халқ аст, дар хизмати халқ аст, бинобар ҳамин маҳбуби халқ ва поягузори сулҳу ваҳдат аст. Ба ин шахсияти бузурги таърихӣ тўҳмат назанед, иғвоҳои бешармона ва дигар амалҳои зиштро раво набинед, ки мардум ҳамаатонро солҳои 90-уми асри ХХ аз наздик шинохтааст. Мардуми бонангу номус ва бошарафи Тоҷикистон дигар фирефта нахоҳад шуд!
Тоҷикистон бо пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба пеш ба самти таҳкими истиқлолият, якпорчагӣ, устувории давлати демократӣ ва дунявӣ!!!
Пўлотов К. И. – муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ