Вазифаи ҳар яки мо ин хизмат ба давлату миллат аст, на ин ки тӯҳмат ба Ватан
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳиллаю найранги ин хоинон тасодуфӣ ва ғайричашмдошт нест. Мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо хуб воқиф ҳастанд. Дар тӯли таърих халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст. Дар урфият хуб гуфтаанд, ки хиёнаткор Ватан надорад ва бори каҷ ба манзил нахоҳад расид.
Тайи солҳои охир ашхосе дар ҷомеа зиёд шудаанд, ки барои ба даст овардани пули муфту бедардимиён бо роҳи фиребу найранг ва сохтакорӣ кардани ҳуҷҷатҳо ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро гӯлу афсун карда, ба доми худ меафтонанд. Дар натиҷа шаҳрвандони соддаву зудбовари мо ба макру найранг ва афсуни онҳо дода шуда, зарари калони моливу пулӣ мебинанд. Баъди рӯёнидани маблағҳои ҳангуфту калон аз волидони онҳо ваъдаҳои худро ба фаромӯшӣ супорида, аз худ на пай мемонаду на ҳайдар.
Яке аз чунин шахсон Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ буда, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуд.
Номбурда қаблан ҷинояти қаллобӣ содир карда, дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст.
Вале набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кард, ки ягон қаллоб наметавонад, ки дар фикри беҳбудии дигарон бошад, зеро барои онҳо танҳо манфиати шахсии худ аз ҳама боло меистад. Ронда шудани Иззат Амон ва ҳазорон нафаре, ки қонуни як кишварро риоя намекунанд, наметавонад гуноҳи як мақомоти Тоҷикистон ва ё роҳбари он бошад, зеро маълум аст, ки ҳар нафаре қонунро риоя намекунад ё қаллобӣ менамояд, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар ин замина шахсоне, ки аз Иззат Амон дифоъ менамоянд, бояд аз шахсияти ӯ ва кору фаъолияти ӯ хуб огоҳӣ дошта бошанд. Махсусан муҳоҷирони меҳнатиро месазад, ки ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар ҳаводисе, ки рух медиҳад воқеъбинона назар афкананд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, ки давлат ягона пуштибон ва ғамхори онҳост.
Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хотир бояд дошт, ки Тоҷикистон дар хати пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Дар ин раванд, таҳким бахшидан ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.
Вазифаи асосии ҳар яки мо содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлӯи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.
Раҳмонова Н. – муовини декан оид ба корҳои
тарбияи факултаи инноватсия ва
телекоммуникатсияи ДДҲБСТ