Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи миллии тарбия – асоси тарбияи насли созандаю бунёдкор»
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 1 июни соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Консепсияи миллии тарбия – асоси тарбияи насли созандаю бунёдкор», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд. Барои иштирок дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Ҳадафи конференсия: мубодилаи афкор ҷиҳати амалишавии консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои минбаъдаи ташаккули шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурѓановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллидошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор. Дар доираи конференсия муҳокимаи мавзӯъҳои меҳварии зерин пешбинӣ мегардад: ü Таҳкурсии ҳуқуқии такмили санадҳои меъёрӣ оид ба тарбияи насли созандаю бунёдкор ü Иттилоотикунонии ҷомеа ва самтҳои идоракунии таъсири он баҳри тарбияи солими насли наврасу ҷавонон ü Амалишавии консепсияи миллии тарбия дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо ü Нақши озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фуруѓи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯѓи маърифат» дар тарбияи ѓоявӣ, миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ, маърифат, гуманистӣ, зебоипарастӣ, иқтисодӣ, тафаккури интиқодӣ, таҳаммул ва тоқатпазирии насли наврас ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон ü Асосҳои иқтисодии тайёр намудани сармояи инсонӣ дар низоми тарбияи насли наврас ва ҷавонон. Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ Маводи конференсия дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ мерасад. Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ то санаи 20 майи соли 2021 ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд. Матни мақола бояд бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр 1,5 мм бо истифодаи ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ – Times New Roman), шрифти 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад. Ҳаҷми мақола набояд аз 5 саҳифа (формати А4) зиёд бошад. Мақола дорои навгонии илмӣ буда, набояд қаблан нашр шуда бошад. Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо) -и мақола бо зикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шавад. Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф кунад. Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рӯйи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд. Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 таҳия карда шаванд. Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ѓалат тоза бошад. Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад). Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дӯши муаллифон мебошад. Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд. Нишонии электронӣ барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё мустақиман ба нашриёт (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1, утоқи 309). Телефон барои иртибот: (83422) 2-31-63