“Бешарафи”-и Ислоҳнету Иқболбӣ фош шуд
Намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ далели он аст, ки аъзони гурўҳи хиёнаткорон душмани аслии миллати тоҷик ҳастанд ва зери парда истода, дар хизмати «балегӯёни хориҷияшон» мебошанд. Дар филм одамони воқеӣ аз зиндагии М.Садриддин ва падари ў нақл намуданд. Дар ҳиссиёти онҳо ягон тарсу ҳарос ва фишор дида намешуд.
Силсилафилмҳои “Хиёнат” аз рўи душманон ниқоби онҳоро кашид. Шармандагӣ байни мардум бояд онҳоро боз дорад. Худи хиёнаткорон аз шармандагӣ худро сафед карданӣ ҳастанду, афсона бофта истодаанд. Суханҳои бофтаи онҳоро кас ба забон оварда наметавонад. Ҳамин қадар афсонаи бофтаи онҳо аз ҳақиқат дур ва тўҳмати калон аст. Пароканда намудани миллати баору номус ва фарҳангпарвар, ҷангу низоъ, коштани тухми ҷаҳолат, инчунин сари қудрат омадан мақсади хиёнаткорон аст. Айни ҳол бошад, ин худозадагон эътирозҳои беасос ташкил намуда истодаанд. Имрўзҳо дар сомонаҳои интернети хоинон чунон дурўѓу бўҳтонҳое ба давлати осудаву гул-гул шукуфон карда истодаанд, то ки ҷавонон ва халқи осударо роҳгум занонанд. Боиси хушнудист, ки миллати ватандӯст тавонист сари вақт аз андешаҳои махфӣ ва корҳои сиёҳи баъзе ташкилотҳову гурӯҳҳо огоҳ гардад, изҳори норозигӣ намояд ва зиддияти худро нишон диҳад.
Онҳо худ чор панҷ нафаре ҳастанд, ки мехоҳанд авзо дар Тоҷикистон дар ҳолати ноамниву бесуботӣ қарор дошта бошад. Боқимонда, ҳамаи ниҳодҳо иҷрокунандаи фармони ин нафарон мебошанд. Шояд ба касби нависандагӣ ва блогерии худ хотима бахшанд. Кори онҳо фақат нависандагӣ, афсонабофӣ, расонидани хабарҳои шум, тўҳмат, бўҳтон, иѓво ва бисёр амалҳои дигар бад.
Амали душманони миллатро маҳкум намуда, бар ин тоифаи бадкирдор, лаънат мехонем! Лаънат ба хоинон, ватанфурўшон ва худозадагон! Лаънат ба касоне, ки номи миллати тоҷикро ба хоки сиёҳ яксон мекунад. Лаънат ба ѓайбатгарон ва аз пулу мол шикамсер, ки ниятҳои нопок доранд. Ба худкарда даъво нест. Дар вақташ фикр кардан лозим буд, бояд ба худ савол дод, ки оё амалҳои ман аз рўи дини Ислом, аз рўи ҷавонмардӣ аст?
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба ормонҳои миллат сулҳу субот ва амнияту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мунтазам саъю кӯшиш доранд. Шукронаи Ватани тинҷу осударо кунем.
Азимова Н.С.- н.и.п., дотсент,
мудири кафедраи фанҳои риёзӣ
ва табиатшиносии ДДҲБСТ