Даъвоҳои беасоси ҷониби ҳамсоя

Рўзҳои охир масъалаи муносибати байни Тоҷикистону Қирғизистон дар расонаҳои хабарӣ дар мадди аввал меистад. Вазъияти бе ин ҳам муташанниҷро суханронии беасоси раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев боз ҳам вазнинтар намуда истодааст.

Раҳбари КДАМ-и Қирғизистон иддао кард: “Ҳангоми таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ, дар вақти тақсимот, намояндагони аз Маскав омада, Ҷиргатолу Мурғоби Қирғизистонро ба Тоҷикистон ҷудо карда доданд, то ки Тоҷикистон ҳам ташкил ёбад.  Дар асл Тоҷикистон як вилояти тобеъи Ӯзбекистон буду халос”. 

Таърих гувоҳ аст, ки давлати тоҷикон на танҳо нисбат ба Қирғизистон, балки дар Осиёи Миёна яке аз қадимтарин миллатест, ки соҳиби давлати худ буд. Гуфтаҳои беасоси Тошиев аз камсаводии ў дарак медиҳад. Вай дар гуфтаҳои худ бешармона навоҳии Лахшу Мурғоби Тоҷикистон низ ҳудуди Қирғизистон ҳисобидааст. Ҷониби Қирғизистонро зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба «афсонаҳои» Тошиев хотима дода сари мизи музокирот шинанд.

Аммо суоле ба миён меояд, ки бо иштирок ва даъвоҳои беасоси Тошиев тарафайн ба ягон хулоса меомада бошанд ё не?

Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад, ки муносибати дўстонаи худро бо ҳамсоягонаш нигоҳ дорад. Аммо нафароне ба монанди Тошиев мехоҳанд муносибатҳои дўсонаи ин ду миллатро зери хавф монанд. Дар ин маврид давлатҳои ҳамсояи дигарро низ зурур аст, ки ба ҳолати ба амал омада баҳои воқеӣ дода, барои баромад аз ин муаммои сарбаста ба ҷониби Қирғизистон фишор оранд.

Муносибати дўстона доштан бо ҳамсоягон хуб аст, лекин мо набояд ба чунин даъвоҳои беасоси баъзе нафарон (ба монади Тошиев) ором истем. Мо бояд хамчун миллати куҳанбунёд ва соҳиби давлати хеш ба чунин нафарон ҷавоби қатъӣ дода, нагузорем ки ба шаъну шарафи миллати мо расад. Мо намегузорем, ки нафаре таърихи бойи моро поймол кунад.

Заминҳои Ворух ва ворухиён узви ҷудонашаванда Тоҷикистони азиз ҳаст ва мемонад. Мо ягон вачаб замини Ворух ва умуман ягон ваҷаб замини Тоҷикистонро ба ҳеҷ кас намедиҳем!

Миллати баору номуси тоҷик ҳамеша барои ҳимояи марзу буми ватани худ омода аст ва албатта мо имрўз бо Ворух якдилу як ҷон ҳастем ва намегузорем, ки бародарони азизи моро ягон нохалафе шиканҷа диҳад.

Ман ҳамчун як шаҳрвани Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки ҳама муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи марзу буми кишвари биҳиштосоям ҳамеша омоада бошем.

Ҷабборов А.А. – н.и.ф-м., декани факултети

инноватсия ва телкоммуникатсияи ДДҲБСТ

You might also like