Изҳорот кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ нисбати баромадҳои иғвоангезонаи Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Баъди мутолиаи мақолаву тамошои баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддин як узви фаъоли ташкилоти экстремистиву терористии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки худро имрӯз ҳамчун “мухолифи режими Тоҷикистон” ва ё “акстивист” эълон намудааст, боз як бори дигар ба хулосае омадем, ки имрӯз ҳам афроди “бинои” “нобино” ва ё баръакси он ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва Сайидюнуси Истаравшанӣ ҳастанд. Ин турфа инсонҳои кӯрнамак пешравиҳои давлати моро намебинанд ё дидан намехоҳанд. Зеро онҳо мухолиф ва манқурт ҳастанд. Ба чанд пули хоҷагони хориҷии худ Ватану миллати худро фурӯхтаанд! Аҷаб навиштаҳои имрӯзаи ин турфа мухолифинро мехонаму ангушти ҳайрат мегазем.
Эй наҳзатиёние ки лоф мезанед! Шумо барои пешравии ин Ватан чӣ кореро ба сомон расонидед? Бидонед, ки имрўз Тоҷикистони азизи мо дастовардҳои зиёде дорад, ки ба гуфтану навиштан наметавон ба охир расонид. Барои дарки он чашми бинову забони гўё лозим аст.
Мо шаҳрвандони мамлакат ба иғвоҳои беасоси душманони миллат дода нашуда, зиракии сиёсии худро аз даст намедиҳем. Зери партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ мемонем.
Изҳороти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ