Донишҷӯи ДДҲБСТ соҳиби камарбанд гардид
Донишҷӯи соли сеюми факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шохрух Қаҳҳоров дар мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди Ушу-санда ба гирифтани камарбанд ва дипломи мусобиқа шарафёб гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи Ушуи вилоят роҳандозӣ гардидааст.Дар мусобиқаи вилоятӣ, ки дар он беш аз 300 нафар варзишгарон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд донишҷӯӣ ДДҲБСТ Шохрух Қаҳҳоров ба панҷ ҳарифаш дастболо гардида, соҳиби мақоми аввал шуд. Ёдовар мешавем, ки ӯ солҳои қаблӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳрҳои Бохтару Душанбе доир гардида буд, соҳиби ҷойи аввал шудааст.Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба Шохрух Қаҳҳоров барои муваффақиятҳои навбатӣ дар ҷодаи омӯзиш ва варзиш муваффақиятҳои паёпай орзу менамояд.

