ДДҲБСТ: Баргузории озмуни бурсияҳои Федератсияи Русия
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия рӯз то рӯз густариш ёфта истодааст, ки бозгӯ аз заҳмату талошҳои сарони кишварҳои дўсту ҳамкор мебошад. Ҳамкориҳои назарраси ин ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм низ мушоҳида мегардад. Дар доираи созишномаи байни ин ду кишвар ҳамасола Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия садҳо хатмкунадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳуриро барои гирифтани маълумоти олӣ дар донишгоҳҳои Русия ҷалб менамояд.
Дар ин замина 13- марти соли 2021 бо назардошти пояҳои моддию техникии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни бурсияҳои Федератсияи Русия ҷиҳати ҷалби довталабони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Федератсияи Руссия дар соли хониши 2021-2022 баргузор гардид. Дар озмун муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, роҳбари намояндагии Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ва вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ва намояндагони муассисаҳҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия иштирок доштанд.
Баргузории озмун барои хатмкунандагон ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









