Баргузории рӯзи “Дарҳои кушод” ва озмуни ҷумҳуриявии “Хатмкунандагони болаёқат” дар ДДҲБСТ
12-марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон рӯзи “Дарҳои кушод” ва озмуни ҷумҳуриявии “Хатмкунандагони болаёқат” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Аз субҳи барвақт хатмкунандагон ҳамроҳи устодони худ аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту ихтисосҳо ва факултетҳои донишгоҳ дар рӯзи “Дарҳои кушод” иштироки фаъолона намуданд. Роҳбарияти донишгоҳ дар назди хатмкунандагон баромад карда, онҳоро бо барномаи чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» шинос карданд. Сипас, хатмкунандагон аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва дарсҳои намунавии устодон дидан карда, ба худ маълумотҳои зарурӣ гирифтанд.
Дар чорабиниҳои рӯзи “Дарҳои кушод” аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат варзиданд. Бахусус хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва шаҳри Душанбеву наҳияҳои вилояти Хатлон тариқи онлайн тавассути интернет дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Дар доираи рӯзи “Дарҳои кушод” инчунин байни хатмкунандагон озмуни “Хатмкунандагони болаёқат” доир гардид.Тибқи барномаи озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд. Нимаи дуюми рӯз дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ бо хатмкунандагон мулоқот доир шуд ва ғолибони озмуни “Хатмкунандагони болаёқат” муайян гардиданд.
Дар натиҷа хонандаи мактаби болаёқати ноҳияи Б.Ғафуров Маҳина Зуҳурова соҳиби ҷойи аввал ва компютер, хонандаи МДТ ЛДҲБ дар шаҳри Хуҷанд Абдухолиқ Тоҷибоев сазовори мақоми дуюм ва соҳиби планшет ва хонандаи МТМУ-и шаҳри Хуҷанд Шукрона Бобоҷонова соҳиби ҷойи сеюм ва смартфон гардиданд. Инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо Сипоснома ва 20 нафар фаъолон бо Ифтихорномаю тӯҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.Туҳфаҳоро ба ғолибон муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров тақдим кард.
Барномаи адабию фарҳангӣ аз ҷониби гурӯҳи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

























