Донишҷӯи мо ғолиби фестивали ҷумҳуриявии  «Чакомаи гесӯ» гардид

Шоҳина Қодирова донишҷӯи соли аввали факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии фестивали «Чакомаи гесӯ» аз рўйи номинатсияи «Ороиши қадимаи мўй» сазовори мақоми аввал гардид.

Бино ба маълумоти Шоҳина Қодирова дар номинатсияи мазкур беш аз 20 нафар иштирок намуданд. Ӯ иброз медорад, ки нигоҳубин ва парвариши муйро дар хурдӣ модаркалонаш тавсия додааст. Шоҳина Қодирова ба духтарону бонувон таъкид мекунад, ки мӯю гесувонашонро кӯтоҳ насозанд ва онро парвариш ва нигоҳубин намоянд. Ғолиби даври ҷумҳуриявии фестивали “Чакомаи гесӯ” доштани мӯйи дароз ва гесувони ғафсро ба занону духтарони тоҷик зебанда медонад.

Ёдовар мешавем, ки ҷамъбасти фестивали «Чакомаи гесӯ» бо иштироки гулдухтарони тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги тоҷик, муаррифии анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаву маросими миллӣ ва талқини зебоипарастӣ мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like