Шукргузорӣ рисолати аслии мардуми мо аст

Дар ҷомеа гурӯҳҳои гуногуни одамон зиндагӣ менамоянд. Ҳар шахс ва гурӯҳ ба натиҷаи заҳмату талоши дигарон ва дастоварду комёбиҳои ҷомеа, давлат ва хизмати Роҳбари давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ, махсусан дар роҳи расидан ба сулҳу амният ва комёбиҳои кишвар ба таври гуногун назар менамоянд ва андешаҳои мухталиф баён месозанд. Барои баҳои дуруст додан ба натиҷаи 30-соли давраи соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои Пешвои миллат, моро мебояд азъияти солҳои аввали истиқлолият, ҷанги шаҳрвандие, ки кишварро ба доми оташ андохт ва вақте мардум оромишу умед ба фардои ҷомеаро аз даст дод, ба назар орем! Вақте шароити имрӯза, тарзи зиндагӣ ва шароиту имкониятҳои мавҷударо ба вазъияту шароити он солҳои муқоиса намоем, шахс бешубҳа аз амнияту оромӣ ва пешрафти имрӯзаи давлату ҷомеа шукрона намуда, кору фаъолият пеш мебарад. Аммо, агар шароити имрӯзаи кишварро бо давлатҳои пешрафтаи ба монанди ИМА, Британияи Кабир, Олмону Ҷопон ва ғ. давлатҳои пешрафта муқоиса намоем, онгоҳ албатта сатҳи рушди Тоҷикистон, ки то ба дараҷаи тараққиёти онҳо нарасидааст, назарамон нисбати дастовардҳои ин давра ба таври манфӣ шакл мегирад.

Шакке нест, ки баъди ба даст овардани сулҳи тоҷикон, асосан баъди солҳои 2000-ум Тоҷикистон қадам ба қадам дар самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ба натиҷаи муайяни рушд расида истодааст. Инро аз рӯи натиҷаҳои рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ дар муқоиса ба солҳои пеш дидан мумкин аст. Баробари чунин пешравиҳо дар ҷомеа ва берун аз кишвар ҳастанд ашхосе чун Муҳаммадиқболи Садриддин ва гурӯҳҳое, ки на ба рақам бовар доранд ва на бо чашми сар ободии кишварро дидан мехоҳанд. Кори онҳо танҳо таънаву маломатзанӣ ва нуқсонҷӯстан аз кору фаъолияти Роҳбари давлат, сиёсати имрӯзаи ҳукумат ва паст задани обрӯву эътибори давлату миллат мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, хушбахтона дар фазо суботу оромӣ ва бо сарварии Пешвои миллат дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагуна сахтиву мушкилиҳоро паси сар намуда истодааст. Чуноне ки дар ин маврид Пешвои миллат ба Паёми имсолаи хеш зикр намуданд: «Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем». Чунин баҳову муносибати Роҳбари давлат нисбати имрӯзу ояндаи кишвар аз дурандешӣ ва боварии баланд доштан ба меҳнатдӯстиву соҳибфарҳангӣ ва тавоноиву соҳибхирадии мардуми кишвар дарак медиҳад. Аз ин рӯ, агар мардум дар иттиҳоду ягонагӣ ва бо боварӣ ба фардои неки ҷомеа қадам гузоранд он вақт ҳеҷ душмане суботу амнияти ҷомеаи моро халадор карда наметавонад.

Аз ҳамин лиҳоз зарурати шукр кардан аз шароити мавҷуда, аз тиниҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвар, ҳифзи дастовардҳои то ба имрўз расида бисёр муҳим буда, он метавонад мардумро ба муваффақиятҳои нав бирасонад. Чуноне ки гузаштагони мо дар ин бора фармудаанд:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Мафҳуми шукр карданро на бояд ба маънои сукут, ором мондан, илоҷи воқеаро ҷустуҷў накардан ва шароити ҳолро таѓйир надоданд маънидод намоем. Дар ҳоле, ки асли моҳияти истифодаи мафҳуми мазкур чунин нест. Зеро қадр накардан (шукр накардан), нодида гирифтан метавонад моро аз он шароите, ки дорем маҳрум намояд. Вале ҳамзамон манзури мо аз шукр кардан он нест, ки бо шароити доштаи худ ҳамеша қаноат пеша намоем, дигар ҳаракат накунем ва ба сўи пешрафт қадам назанем ва ё ба таѓйири шароити ҳол набошем. Балки ҳикмати «Шукр кардан» бо доштаҳои хеш шукр намудан ва бо ин замина барои дастоварди бештар кўшиш намудан ва талоши зиёд кардан аст. Яъне, бо шароити мавҷуда нерўъ ва иродаи тоза ҳосил намуда, барои рушди оянда гом гузоштан – ин шукр кардан аст. Ҳамчунин, шукр кардан аз як шароити нисбатан пасттар ва бадтар ба шароити хубтару беҳтар расидан ва муқоисаи байни ин ду шароит маҳсуб меёбад.

Вақте ба қадри тамоми дастовардҳо мерасем, хизмати дигаронро қадр менамоем, аз натиҷаҳои кам ҳам бошад, хурсанд гашта, боз ҳам бештару хубтар меҳнату талош намоем, хоҳу нохоҳ зиндагиамон аз дирӯза беҳтар мегардад. Ҳадафи фаъолияти Роҳбари давлат ҳам ҳамин аст, ки мардум ба шароити аз имрӯза дида боз ҳам ба хубтару беҳтар ббирасанд. Чун дар яке аз Паёмҳои пешинаи хеш зикр намуда буданд, ки «мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи зиндагии шоистаро дорад».

Пас, имрӯз аз Ватани ободу зебо, сулҳу оромии кишвар, комёбиҳои давлат, ободиву зебоӣ ва пешравиҳои ҳар соҳа шукр мебояд. Шукр бояд гуфт, ки бо сарварии Пешвои миллат ду чархи НБО-и Роғун ба истифода дода шуд, қадам ба қадам чор ҳадафи стратегии кишвар амалӣ гардида истодааст ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва мардуми онро ҳамчун миллати қадимаву шаҳрсозу тамаддунофар шинохтанд.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like