«Бешарафӣ» чеҳраи аслии Муҳаммадиқболро ошкор сохт

Таърих гувоҳ ва мардуми сарбаланди тоҷик нағз медонад ки аз моҳи сентябри сли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом ғайриқонунӣ эълон гардид. Дар ҳақиқат, ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби  наҳзат дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гул гул шукуфони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз ягон саҳме надошт ва надорад, локин то имрӯз аъзоёни наҳзати ислом барои  расидан ба ҳадафҳои нопоки худ талош доранд.

Ин хиёнатгарон ҳеҷ дарк карда наметавонанд, ки имрӯз мардуми бонангу номуси тоҷик ба найрангу рафторҳои ношоистаи онҳо бовар намекунанд. Чи хеле, ки дар урфият мегӯянд офтоб бо доман пӯшида намешавад, имрӯз фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш ошкор шудааст. Албатта, умри дурӯғ кӯтоҳ ва бори каҷ ба манзил намерасад, ки ин ба гурӯҳҳои тундгарову ифротгар дахл дорад.

Пайравони бадарғаву мазлуми ТТЭ ҲНИ ба мисли Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон сомонаҳои интернетиро ҳамчун майдони асосии тӯҳмату дасисабозиҳои худ қарор додаанд. Дар байни онҳо махуфтарин чеҳраи хунин ин Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки пайваста бо тӯҳмату дасисабозиҳои худ зидди сиёсати давлату ҳукумати кишвар гузоришу хабарҳои бардурӯғ паҳн менамояд. Маълум шуд,  ки Муҳаммадиқболи Садриддин  аз тарафи давлатҳои хориҷӣ бо як миқдор маблағи ночиз харидорӣ шуда, бо лақаби «кабӯтари сафед» шинохта шудааст ва имрӯз ин давлатҳо «кабӯтари сафед»-ро мисли занҳои сабукпо истифода бурда истодаанд, вале Муҳаммадиқболи Садриддини  бефаҳму кӯтоҳандеш ин суханони хоҷагони худро намефаҳмад.

Муҳаммадиқболи Садриддин  танҳо тибқи супориши аз хоҷагонаш гирифта амал карда, ба тӯҳмату бӯҳтон машғул буда, ба давлати худ, хоку замини ниёгонихуд санг ҳаво дода истодааст. Кабириҳо, салимпурҳо, садридинҳо дар охири умри худ албатта кӯр шуда, дар давлатҳои хориҷаи сарсону саргардон монанди сагони дайду дар кӯчаву канда ҳаром мемирад.

Бояд қайд намуд, ки  филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар чанд қисм таҳия гардида, симои аслии ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ-ро ошкор сохт ва маълум гардид, ки маҳз сарварони ин ҳизби ҳиёнаткор сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳастанд. Қисми ҳафтуми филми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” маҳз ба амалҳои номатлуб ва тақдири талху шармандавори Муҳаммадиқболи Садриддин бахшида шудааст. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” он қадар кирдорҳои нопоки ин хоинон дар муқоиса намоиш дада шудааст.

Мо, халқи бо нангу номуси тоҷик намегузорем, ки ин нохалафон фазои сулҳу оромии кишварро ноором кунанд, чаро ки эҳтиёт ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту ваҳдат ин вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа. Мардуми бо нангу номуси халқи тоҷик чи тавре ки дар Паёми худ санаи 26 январи 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа намуданд, мо  ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем, ба оламиён муаррифӣ менамоем ва душманонро решакан менамоем.

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

You might also like