Модар-нерӯбахши зиндагӣ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи модар таҳти унвони «Модар – нерўбахши зиндагӣ» чорабинии бошукўҳ доир гардид. Дар чорабинӣ ходимони намоёни давлатӣ, занони барўманд Назира Ғаффорӣ, Муҳаббат Нозимова, Матлюба Сайфиддиновна, Гулчеҳра Нўмоновна, Мавҷуда Қобиловна, Мадина Салимзода, занону бонувон ва донишҷўдухтарони донишгоҳ иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, тамоми занону  бонувонро бо иди фархундаи Рўзи Модар – иди таҷассуми зебоиву сарсабзӣ табрик намуд. Қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми  назаррас доранд. Изҳор гардид, ки  баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан дар радифи мардуми шарифи кишвар бонувони донишгоҳ низ ҳиссаи босазо гузошта,  туфайли меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками онҳо  боргоҳи илму маърифатамон дар байни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар  мавқеи сазоворро соҳиб гардид.  Дастоварди назаррас ва  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани донишҷўйдухтарони донишгоҳамон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”,  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»,  “Донишҷўи сол, олимпиадаҳои ВМИҶТ ва Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саъю талоши судманд ва  нерўи бузурги ақлонию зеҳнии бонувони донишгоҳ арзёбӣ гардид.

Дар доираи таҷлили Рўзи модар байни  омўзгорони факултетҳои донишгоҳ озмунҳои  “Дастони моҳир” ва “Кадбонуи беҳтарин” баргузор шуда, занон-омўзгорон ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, маҳорати дўзандагию пазандагии  хешро нишон доданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ як зумра занону бонувон ва донишҷўдухтарон барои дастовард ва саҳми  назаррас дар рушди самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ, инчунин, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли  озмунҳои доиршуда ба муносибати таҷлили Рўзи модар  бо туҳфаҳои молию пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.

Саҳначаҳо ва суруду оҳангҳо андар ситоиши зан – модар, ки  дар бахши фарҳангӣ пешниҳод гардид, хотири иштирокчиёнро болида гардонд.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мухталиф дар донишгоҳ ба ифтихори Рўзи модар,  арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва  мақому манзалати занону бонувон дар рушду нумўи кишвари биҳиштосоямон, роҳандозии озмунҳои мухталиф тарғибу эҳёи  ҳунарҳои миллӣ маҳсуб меёбад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like