Иттилооти сохтаву бофтаи Салимпур дар «Бомдод.ком»

Муддате чан даст, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ хабарнигори фирорӣ Мирзои Салимпур тавассути сомонаи хусусӣ ба тиҷоратии худ, бо суханҳои дурӯғу бемантиқ байни мардуми шарифи тоҷик даст ба фитнаангезӣ зада истодааст.

Аслан то андозае, ки ба ҳама маълум аст ба сифати хабарнигор шахсиятеро бояд шиноохт, ки  пеш аз ҳама донишманд, дурандеш ва ё ботакаббур бошад. Афсўс аз замона, ки чунин беватанҳоро рўи замин дошта истодаасту аз дурӣ истода даъвои озодӣ менамоянд. Мутобиқ ба маълумотҳои дастрасгардида, Мирзои Салимпур айни ҳол дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехияи Аврупо қарор дошта кору фаъолият бурда истодааст ва номбурда зодаи ноҳияи овозадори Ҳисор буда, он ҷо ба воя расидааст ва хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон мебошад.

Муддате дар баъзе нашрияҳо ба мисоли “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат”, “Чароғи рӯз” кору фаъолият бурдааст. Магар қадри оби софу беғубор ва нону намаки Тоҷикистонро намедонад, ки имрўзҳо аз берун бо ҳар роҳу восита беномусона гапу ҳарф мезанад. Ў низ «мутахассиси тайёркардаи» ТЭТ ҲНИ аст, ки чунин муносибати моҷароҷўёнааш метавонад торҳо ва эҳсосоти нозуки мардумро дар роҳи майлонҳои тахрибкорӣ аз нав бедор кунад ва ба ангезиш оварад, ки ин рафтор ҳам моҳиятан аз даст додани ҷилави амну осоиш дар ҷомеа ба шумор меравад.

Ба ин марди «нобакор» шояд сазовор бошад, ки гўем: дар шароити ҳозир бо роҳи мусолиҳатомези росту солимақл, салоҳиятмандона метавон калиди роҳи ҳаллу фасли масъаларо бояд ёфт, аммо агар ин муаммо бо амри ба ҷўш овардани эҳсоси нозуки ҷангҷўёна ва мунозирахоҳонаи мардум ва бедор кардани ҳисси нафрат ба ҳамдигар омезиш ёбад, на ба манфиати миллату кишвари якпорчаи Тоҷикистон, балки бар суди харобкорони он хоҳад буд.

Умедбар он дорем, ки рўзе мешавад ва ў аз карда пушаймон сари хам мегардад, лекин ин нафрату кинаи ўро бахшидан ба гумон хоҳад буд.

Акмалова М. – д.и.с., декани

факултети сиёсатшиносӣ ва

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like