Наҳзатиёни ватангумкарда
Мухолифони тоҷик аз рўзҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди сулҳу оромии тоҷикон мебошанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон оиди ҳодисаҳои нангини соли 90-ум хуб огоҳанд.
Дар ин сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ барпо гардида буд, дар ҳамон давра одамон ба ду гурўҳ ҷудо мешуданд, яъне гурўҳи “Озодӣ” ва гурўҳи “Шаҳидон”. Гурўҳи “Озодӣ” тарафдори пойдор намудани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон буданд, лекин гурўҳи “Шаҳидон”зидди сулҳу оромӣ буда, онҳо ниятҳои нопок доштанд, мехостанд ҳокимияти давлатиро ба даст дароранд.
Бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор намудани сулҳ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат 27 июни соли 1997 дар Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки аксарияти мардуми сулҳпарвар онро интизорӣ мекашиданд.
Имрўз низ мухолифони тоҷик ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистон нарасида, онҳо берун аз давлатамон зидди Тоҷикистон баромад намуда, мехоҳанд ниятҳои нопоки худро ҷорӣ намоянд. Масалан, 24 нафар намояндагони оппозитсияи фироркардаи тоҷикон ба монанди Саидюнуси Истаравшанӣ, Салимпур, Кабирӣ ва дигарон худашонро чун дилсўзу ғамхори халқи тоҷик муаррифӣ менамоянд, лекин онҳо танҳо манфиатҳои нопоки худро фикр менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки онҳо нисбати халқи тоҷик ягон ғамхорӣ накардаанд ва нахоҳанд кард.
Мухолифони тоҷик изҳори ақида менамоянд, ки ба истеъфо рафтани пешвоёни ду миллат барои ҳама хабари хушхолкунанда мебошад. Ақидаи онҳо бардурўғ аст, зеро имрўз халқи тоҷик сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамояд ва худи халқи тоҷик мехоҳад, ки Сарвари давлати мо маҳз он кас бошанд. Ҳар як масъала хоҳ сиёсӣ аст ё иҷтимоӣ аст зуҳуроту паҳлўҳои гуногун дорад, ҳамаи онро кадом як Саидюнусу Салимпурҳо ошкор карда наметавонанд, чунки онҳо имконияту қобилияти омўхтани фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандони чандин миллион- нафараи Тоҷикистону Қазоқистонро надоранд. Ба ҳеҷ яки онҳо кафолати таҳлигариро касе надодааст. Шаҳрвандони ҳар ду давлат дар раванди интихобот барои сарварони худ овоз додаанду сиёсати дохилӣ ва хориҷии пешвоёни худро хирадмандона меҳисобанд. Чунки мардум ҳамон сиёсат ва идеяро мепазиранд, ки барои пешравии ҷамъият нигаронида щуда бошад.
Дар замони муосири Тоҷикистону Қазоқистон ҳамаи муамоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги худро бе маслиҳати хоинони кишвар ҳал менамоянд. Ба маслиҳату тавсияҳои онҳо эҳтиёҷ надорад. Зиндагонии ҳаррўзаи мардуми ду кишвар бо маҷрои худ объективона пеш меравад. Онҳо дар фазои сулҳу ваҳдат бо бунёдкориву созандагӣ машғуланд. Ақидаю андешаҳои щаҳрвандони ду кишвар дар фазои ҳастии ҷамъиятии онҳо эҷод мешаванд. Ҷомеа низ мутобиқи қонунҳои худ чун ҷараёни яклухт ба туфайли робитаҳои ҳамаи муносибатҳои дар ҷомеа роҳандозӣ шуда пеш рафта, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва маданияти халқҳои гуногуни ҷаҳон сарчашма мегирад. Раванди ҷаҳонишавии моддию маънавиро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, аз таълимоти динӣ ё сиёсии тоҷикони фирорӣ манша намегирад.
Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ