Дасисабозиҳои навбатии ТЭТ ҲНИ
Пас аз ба даст овардани соҳибистиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳое андешида шуда истодааст, ки ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд маҳдуд ва ё поймол карда нашавад. Тибқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, он давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ ба ҳисоб рафта, он аз тарафи давлат ҳифз ва кафолат дода мешавад.
Бо мақсади пешгирии такрорёбии вазъи солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор чорабиниҳо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоҷӯй, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷиноятӣ, андешида шуда истодааст. Зеро ҷавонон ва мардуми тоҷик аз ниёгон, таърих ва дину давлатдории худ бохабар буда, хатогии бузурги таърихии худро такрор накунанд.
Аз қабили эълон доштани соли 2009-Соли Имоми Аъзам, ташкил намудани Донишгоҳи давлатии исломии Тоҷикистон, бо забони криликӣ чоп намудани китоби муқаддаси Ислом “Қуръони маҷид”, баргузории конфронсҳои байналимлалӣ, сипозиумҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки намоядагиҳои давлатҳои Исломӣ (Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвар оғози сохтмони Масҷиди бузург бо ғунҷоиши 150 000 ва ғайра.
Мутолиаи мақолаи иғвоангезӣ Кӯри Юнус нишон медиҳад, ки он худ бесаводона ва бинобар надоштани маълумот навишта шудааст. Зеро имомхатибони масҷидҳои ҷомеъавии ҷумҳуриявӣ, вилояти, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷамоату деҳот бо гузаштани имтиҳоноти тахассусӣ аз тарафи имомхатиби ҷумҳурӣ дар асоси қарори Шӯрои уламои дини мамлакат таъин карда шуда, пас аз адои вазифа аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол дода мешаванд.
Мувофиқи мақсад мебурд, агар хоинони Ватан дасисабозиҳои хиёнаткоронаи худро дар канор гузошта, мегузоштанд то мардуми азияткашида ва меҳнатдӯсту сулҳпарвари мамлакат дар фазои орому осоишта ва гулгулшукуфоии давлати худ осуда зиндагӣ ба сар мебурданд ва динро ба сиёсати нопоки худ истифода намебурданд.
Сайдуллоев А.А. – сармуаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ