ДДҲБСТ соҳиби ғолиби мусобиқаҳои “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” гардид
Мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёти “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” оид ба намудҳои тирпаронӣ, тенниси рӯи миз ва футболи хурд байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят гузаронида шуд. Мусобиқаи мазкур ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд ва он имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар расми ҷамъбасти муксобиқаҳои “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода иштирок ва баромад карданд.
Зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо ҳассос таъсис ёфта, имрӯз ба ниҳоди пуриқтидори ҳимоятгари марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд. Баромадкунандагон иштирокчиёнро ба ифтихори ин санаи муҳиму муқаддас ва таърихӣ-Рӯзи Артиши миллӣ шодбош намуда, барои фаъолияти минбаъда муваффақияту комёбиҳо орзу карданд.
Дар қисмати дуввуми чорабинӣ ғолибони мусобиқаҳо аз рӯи намуди тирпарронӣ, тенниси рӯи миз ва футболи хурд қадршиносӣ шуданд.
Дар намудҳои тирпарронӣ ва тенниси рӯи миз “Ҷоми Раиси вилояти Суғд”-ро ДДҲБСТ ба даст оварда, аз рӯи намуди футболи хурд мақоми дуввумро ишғол кард. Барои ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аз ҷумла чанде аз кормандону устодони донишгоҳ-ниммуҳофизатгари беҳтарин дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд Маъруфҷон Ҳасанов, Акмал Атаев аз рӯи намуди тирпарроннӣ сазовори ҷойи аввал, Маҳмудназар Пирназаров аз рӯи намуди тирпаррони сазовори мақоми дуввум ва Мирраҷаб Туйчиев аз рӯи намуди тенниси рӯи миз сазовори ҷойи аввал ва Асрор Сайфиддинов сазовори ҷойи дуюм гардида бо медалу диплом қадршиносӣ гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа












