Баргузории мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни донишҷӯёни ДДҲБСТ

Дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 28-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳимоятгари субот, ҳифзи амният ва ҷомеа” доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур аз ҳама факултетҳои донишгоҳ донишҷӯён дар ҳайъати даставӣ байни ҳам аз рӯи шаш намуди варзиш сабқат карданд. Барои дастгирии дастаҳо кормандону устодон ва донишҷӯён аз ҳама факултет ҷамъ омада буданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёни мусобиқаи ҳарбӣ-варзиширо ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ шодбош намуда иброз кард, ки тӯли 28 сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро дар назди Ватан-модар адо намуда истодаанд. Сипас, дастаҳои факултетҳои донишгоҳ байни ҳам рақобат карданд.

Дар натиҷаи мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ  ҷойи аввал насиби дастаи  факултети  инноватсия ва телекоммуникатсия, мақоми дуввум дастаи факултети  ҳуқуқшиносӣ ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети молия гардид. Ба дастаҳои ғолиб аз ҷониби раёсати донишгоҳ диплом ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 600, 500 ва 400 сомонӣ тақдим гардид. Инчунин барои иштироки фаъолона ба се дастаи факултетҳои дигари донишгоҳ ба ҳар яке сесад сомонӣ тақдим карда шуд.

Баргузории чунин мусобиқаҳо ба хотирӣ гиромидошти арзишҳои  милливу санаҳои муқаддас ва ба ин васила дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ва ҳимояи марзу буми кишвар роҳандозӣ шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like