Табрикоти ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба ифтихори Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодону донишҷўёни арҷманд!
Мардуми сарбаланди кишвар бо ифтихор аз матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанўз дар солҳои барои давлату миллат ҳассосу тақдирсоз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис доданд, имрӯз дар фазои орому осуда Рўзи Артиши миллиро сазовор ҷашн мегиранд. Инак, 28 сол мешавад, ки он баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амнияту оромии Ватан саҳми беназир мегузорад.
Боиси ифтихору саодат аст, ки Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри таъмини Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Тоҷикистон, мусоидат ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди сохти конститутсионии давлат ҷонбозиҳо намуда, вазифаҳои худро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа софдилона ва мардонавор иҷро менамояд.Дар остонаи ин санаи таърихӣ ҳар як фарди ватандўст беихтиёр роҳи тайнамудаи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеши назар меорад.
Шоистаи тазаккур аст, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ давоми солҳои мавҷудият борҳо собит намудаанд, ки онҳо метавонанд дар муқобили ҳама гуна душманони дохиливу хориҷӣ истодагарӣ намоянд ва дар ҳифзи кишвари азизамон омода бошад.
Ба нақши сазовори аскарону афсарони далери Ватан дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои хеле баланд додаанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрўз Артиши миллии мо дар амри барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир ва таҳсинро анҷом дод». Воқеан, Артиши миллӣ дар ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатар, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир дорад. Бо назардошти чунин рисолат Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу ватан, таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ, баргузории ҷамъомаду машқҳои низомӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти афсаронро таъкид доштанд.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанўз дар аввалин солҳои Итиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурўъ намуда буд. Бахусус, афсарону сарбозони Артиши миллӣ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати худро ба таври шоиста адо мекарданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо ба ҳисоб рафта, дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Имрўз, Артиши миллӣ нерӯи қодир дар ҳимояи давлату миллат, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ ҳимоятгари марзу буми Ватан, таъмингари амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат мебошанд.
Миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошанд. Ватандӯстӣ мардуми моро аз вартаи нобудшавӣ эмин дошт ва асоси муваффақиятро дар Артиши миллии мо низ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Пас, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонист.
Аз диловарию матонат ва шуҷоати хизматчиёни Артиши миллӣ ҳарф заданро дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон ва ба хизмати Ватан омода гардидани онҳо муҳим арзёбӣ менамоям. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад. Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Ба Шумо дар ин рўзи муборак сарбаландиву некномӣ, оромиву осудагӣ, комёбиҳои беназир дар фаъолияти меҳнатӣ ва тамоми хушиҳои рўзгорро таманно дорам.
Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

You might also like