ДДҲБСТ: Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ

19 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар маҷлиси тантанавӣ муовини командири қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Ҳамрозода, сардори шуъбаччаи кадрҳо Соҳиба Шоҳиҷаҳониён, сардори қисми махфӣ Муҳаббат Қобилзода ва сардори шуъба оид ба корҳои сиёсии қисми низомии зикргардида Маҳмудҷон Хӯҷазода иштироок ва баромад намуданд.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид ва сипас ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда зикр дошт, ки мардуми сарбаланди кишвар бо ифтихор аз матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанўз дар солҳои барои давлату миллат ҳассосу тақдирсоз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис доданд, имрӯз дар фазои орому осуда Рўзи Артиши миллиро сазовор ҷашн мегиранд. Инак, 28 сол мешавад, ки он баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амнияту оромии Ватан саҳми беназир мегузорад.
Боиси ифтихору саодат аст, ки Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри таъмини Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Тоҷикистон, мусоидат ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди сохти конститутсионии давлат ҷонбозиҳо намуда, вазифаҳои худро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа софдилона ва мардонавор иҷро менамояд, илова кард номбурда.
Роҳбари донишгоҳ инчунин гуфт, ки ба нақши сазовори аскарону афсарони далери Ватан дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои хеле баланд додаанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрўз Артиши миллии мо дар амри барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир ва таҳсинро анҷом дод». Воқеан, Артиши миллӣ дар ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатар, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир дорад. Бо назардошти чунин рисолат Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, омода кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу ватан, таъмин бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ, баргузории ҷамъомаду машқҳои низомӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбияти афсаронро таъкид доштанд.
Дар қисмати дуввуми маҷлиси тантанавӣ даҳ нафар омӯзгорон ба маблағи 500 сомонӣ ва 8 нафар донишҷӯён ба маблағи 300 сомонӣ ба муносибати Иди Артиши миллӣ қадршиносӣ шуданд.
Барномаи адабию фарҳангии дастаи созиву овозии ”Ошёни меҳр”-и назди донишгоҳ, ки фарогири сурудҳои баландмазмуни ватандӯстона буд ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

You might also like