Аёдати собиқадорони соҳаи ҳарбӣ
Дар доираи дастуру супориҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, аъзои дастгоҳи марказии ХХДТ, ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода ва мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Мирзоҷон Мирзобаев як зумра собиқадорони соҳаи ҳарбӣ-иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, барқароркунандагони сохти конститутсиониро аёдат намуданд.
Зимни суҳбат бо аёдатшудагон, изҳор шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ барои ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориашон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, амнияти давлату ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон ва умуман, таъмини волоияти қонун ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад. Таъкид гардид, ки садоқат ба Ватан, хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон, ҳушёриву зиракӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон – Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои давлат ва мардуми кишвар вазифаи асосии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Артиши миллӣ ба ҳисоб рафта, имрўз ин ҳама зери таваҷҷуҳи доимии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Ба аёдатшудагон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Онҳо аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







