Нақши “Чеҳраҳои мондагор”– дар баланд бардоштани худшиносӣ

Дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 30–солагии ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши асари “Чеҳраҳои мондагор”– Эмомалӣ Раҳмон  дар баланд бардоштани худшиносӣ ва донишҳои сиёсии ҷавонон конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Тибқи барномаи конфронс сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Шӯҳрат  Саидзода оғоз намуда иброз дошт, ки дар эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллат асари нави муҳташами арбоби намоёни давлатию сиёсӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор», ки зиндагинома, осор ва пайкори 25 чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамонро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додааст, нақши муассир дорад. Китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Сипас  донишҷӯи курси 1–уми факултети сиёсатшиносӣ Зулайхо Буриева бо маърӯзаи “ Имоми Аъзам– асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро” баромад намуд. Ӯ гуфт, ки дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати тамаддуни халқи тоҷик, бахусус давраи исломии он шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омадаанд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳуввият ва асолати миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд, ки фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит низ мақоми хосаеро соҳиб аст.

Тибқи барнома сухани навбатӣ ба донишҷӯи курси 1–уми факултети сиёсатшиносӣ Азиза Суянова бо маърӯзаи “Камоли Хуҷандӣ–бунёдгузори кохи азими сухан” дода шуд. Ӯ қайд намуд, ки Камоли Хуҷандӣ барои мо ғазал, қитъа ва рубоӣ мерос гузошта, дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногунранг буда, тамоми мавзӯьҳои ҳаётиро фаро гирифтааст.

Сипас донишҷӯи курси 3–юми факултети ҳуқуқшиносӣ, аъзои  маҳфили “Беҳтарин китобхон”– и китобхонаи илмӣ Шабнам Холиқова оид ба асарҳои Пешвои миллат маълумот дода гуфт, ки осори арзишманди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ, аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд. Яке аз ин гуна асарҳо “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” мебошад, ки дар он таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Китоби дигари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷик мебошад.

Инчунин, донишҷӯи курси 3–юми факултети ҳуқуқшиносӣ Қозихонов Ҷаҳонгир ба гуфтаҳои дар боло зикр шуда илова кардани шуда хоҳиши баромад кардан намуд ва дар бораи парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол Спитамен маълумот дод.

Пас аз баромадҳои пурмӯҳтаво аз ҷониби китобдори китобхонаи илмӣ Умеда Умарова муаррифии асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Ҳадаф ва мақсади муаррифии адабиёти нав дар он мебошад, ки донишҷӯён маълумот бигиранд,  китобҳо дастраси хонандагон бошанд, онро мутолиа намоянд ва аз он баҳра бардоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like