Ҷавонон- пайравони асили Пешвои миллат
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва баррасии нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд доир гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба тарбия Мубина Хоҷаева нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ дода, меҳмононро ба иштирокчиён шинос кард. Дар мулоқот роҳбари гуруҳи ҷавонони “Авангард” Фирӯз Қодиров иштирок ва баромад кард.
Дар рафти мулоқти мазкур иброз шуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, иҷроиши барномаҳои давлатии рушди дастгирии ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати кишвар қарор доранд.
Илдова гардид, ки ҳифзи арзишҳои миллии фархангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа аз донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Дар навбати худ донишҷӯён низ суханронӣ намуда, оиди беҳтар ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон махсусан донишҷӯён, пешгирии ҷинояткорӣ ибрози назар карданд.
Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки танҳо ба шарофати иродаи қавӣ, хушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру мухаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти чомеаи имрӯзаро бартараф, тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








