Паём-раҳнамои зиндагии шоиста
17 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо ҳайъати профессорону кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид.
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир мулоқотро ифтитоҳ намуда, иброз кард, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.
Сипас Маликшо Неъматзода зикр кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати мамлакатро барои як сол ва солҳои оянда мушаххас намудааст.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ин ҷашни бузург ва ҷиҳати татбиқ ва иҷро намудани нуктаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон идома доранд.
Дар мулоқот иштирокчиён фикру андешаи худро нисбат ба Паёми Президенти мамлакат ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат баён намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











