Аз рушди Тоҷикистон мухолифин дар ҳаросанд
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи имсол дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба мардуми кишвар, махсусан ба ҷавонон ҳушдор доданд, ки “хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғарзноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд”.
Паёми Пешвои миллат як барномаи муҳим барои рушди тамоми самтҳои ҳаёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд. Зеро Паёми имсолаи Президенти мамлакат дар соли ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар стратегияи муҳими кору фаъолиятро тақозо менамояд.
Дар ҳақиқат дар сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дастовардҳои бузург ва созанда ба миён омаданд, ки дили ҳар як шахсро ба ояндаи дурахшону зиндагии шоиста фаро мегирад. Дар замоне, ки таҳдидҳои зиёд ба амнияти ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд ба мисли зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм, мавҷудияти бемориҳои сироятӣ ба мисли COVID-19, гармшавии иқлим тамоми манотиқи ҷаҳонро таҳдид мекунанд.Ҳатто давлатҳои абарқудрат дар мубориза бар зидди ин зуҳурот дар танҳои коре карда наметавонанд.
Дар ҳамин гуна вазъият баланд шудани дараҷаи зисти мардуми кишвари маҳбуби мо баланд гардида даромади пулии аҳолӣ 10% афзуд ин дастоварди бузург аст.
Аммо хоинони миллат, пайравон ва роҳбарияти ТЭТ ҲНИ зери сарпарастии Кабирӣ бо дастури хоҷагони хориҷияшон ҳанӯз ҳам даст аз аъмоли бади хеш набардоштаанд. Чӣ тавре ки Сарвари давлат таъкид карданд, ҳанӯз аз рӯи ҳамон нақшаҳои нопоке, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта доштанд, амал карда, мехоҳанд тухми нифоқу тафриқа парокананд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо, хосса ҷавонон, бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем.
Боиси хурсандист, ки дигар ҳатто дар ҳамон шабакаҳои иҷтимоӣ низ тинату аҳдофи нопоки ин каждумҳои зери бӯрё ошкор шуда истодааст ва аксари корбарон ба онҳо лаънат мефиристонанд.
Дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, илм, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳим кишвар дастовардҳои нодирро сазовор гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумат баҳри рушди тамоми соҳаҳо дастгириҳои зиёд шуда истодаас, ки ин нуктаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас баён карда шуданд.
Аз ҷумла, дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт, дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд, ки барои рушди дигар соҳаҳо имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд.
Хоинони миллат ин дастовардҳоро нодида мегиранд, аҷибтар аз ҳама, онҳо худашон кайҳо пай бурдаанд, ки дигар мардуми тоҷикро бо ин роҳ фиреб дода наметавонанд. Дасисабозиҳое, ки солҳои навадум анҷом доданд, ҳанӯз фаромӯш нашудаанд, дар ин баробар, хидматҳову ҷонфидоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҷиҳати аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим низ ҳамешагӣ дар хотираи халқ боқист. Хоинони миллат ҳанӯз ҳам аз аҳдофи нопоки худ даст кашиданӣ нестанд. Аммо фикри пучу хоми хоинони давлату миллат ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд.
Бо ифтихор зикр менамоем, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз фақат ба пеш ба сӯи дастовардҳои бузургу нодир меравад.
Олимов Б.Ҳ. – н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ