Аз пашша филсозии хоинон!

26 январи соли 2021 мо, мардуми бошарафи халқи тоҷик тариқи васоити ахбори омма  Паёми навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тамошо намудем.

Паёми навбатии Президент оиди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли пасисаршуда баён намуда,  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар давраҳои оянда, яъне соли 2021 муайян кард. Паёми навбати боиси хушнуди буд, ки мардуми бо  нангу номуси тоҷик дастури нав  барои кору фаъолияти ояндаи  худ – соли 2021 гирифт.

Вақте ки мақолаи «Нуқтаҳои муҳими  Паёми Раҳмон, аз набуди  COVID-19 то ёдоварӣ  аз “хоинон”» тариқи сомонаи Аздо.тв  хонда, ба ваҷҳ омадам. Бояд қайд намуд, ки оё барои  иғвогарон  санаҳои гузаронидани Паёми Президент, ки аз корҳои яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ кардааст проблемаи глобалӣ ба ҳисоб меравад. Чаро аз пашша фил сохта истодаанд.

Умуман, мақолаи «Нуқтаҳои муҳими  Паёми Раҳмон, аз набуди  COVID-19 то ёдоварӣ  аз “хоинон”» аз ҷиҳати мазмун ва грамматика  бисёр хато дорад. Беҳтар мешуд муаллиф китоби академик М. Шукуров «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-ро  мехонд, ба чунин хато роҳ  намедод ва вақт ҳам намерасид барои дигар гапҳои зиёдатӣ. Муаллиф бояд донад, ки  ҳастии таърихии халқ ва ҷустуҷуйҳои бардавоми маънавӣ  дар оинаи забон акс ёфтааст.  Дар китоби зикр шуда ғалатҳои баёну китобати забони муосири тоҷикӣ нишон дода шуда, роҳҳои ислоҳи он пешниҳод гардидааст.

Дар мақолаи мазкур оварда шудааст: «Раҳмон дар бораи аз кор бозмондани қисме аз корхонаҳо, болоравии қурби асъор ва зиёд шудани шумори сокинони кишвар ва оё ин пешравие, ки Раҳмон иддаояшро дорад ба вазъияти иқтисодии имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ҳаст ё не, чизе нагуфт». Ҳамин ҳам гап?

Оё дар вақте ки барои баромад муайян шудааст барои ҳамаи дастовардҳо дар даврони истиқлолият, Тоҷикистони биҳиштосо, бе мислу монанд, гул-гул шукуфон  ба даст омада истодааст басанда мебошад, чаро ки дастовардҳо беназир. Инро бояд ҳис намояд, бо давлати ҷоноҷонамон ҳамнафас бошад, на ин ки дар ҳориҷа гашта, ба ватани худ санг ҳаво диҳад, халқро гумроҳ кунад.

Дар мақола суханони рӯзноманигор Виктория Панфилова оварда шудааст. Оё дили Виктория Панфилова ба мардуми халқи тоҷик месӯзад, ӯ кист?  Гуфтааст: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол бар хилофи анъанаи солҳои пешин натиҷаҳои соли 2020-умро ҷамъбаст накард. Ва аз қавли манбаъаш дар Ҳукумати Тоҷикистон навишт, ки шояд ин кор дар нимаи моҳи январ дар мулоқоти Президент бо вакилон анҷом дода шавад».  Бояд мақолеро  ёдовар шуд, ки дер ояду шер ояд.

Нимаи моҳи январи 2021 бошад ҳам, натиҷаҳои соли 2020-умро ҷамъбаст кард, бо сарбаландона назди мардуми шарифи ҷумҳурӣ. Албатта, дар ҳар Паёми худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуъ, ба сатҳи талаботи замон созгор намудани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии таълим эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Имрӯз мо аз гуфтаҳои Пешвои миллат рӯҳбаланд шуда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил медиҳад ва ба душманон нишон медиҳем, ки мо ояндаи Тоҷикистон буда, хоинони давлатро маҳкум менамоем ва намебахшем.

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

You might also like