Сомонаҳои иғвоангези Кабирӣ

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва бо он пур намудани фазои иттилоотӣ расм гардидааст.

Аммо ин маънои онро надорад, ки дар сомона чӣ ки хоҳед нависед ва андешаи нопоки худро зикр намоед. Андешаи инсон ҳосили тафаккур ва тарзи зиндагии ӯст. Ҳар афроде, ки тафаккури танг ва ҷаҳонбинии баста дорад, ба сухани дигарон бовар мекунад ва тез мавқеи худро аз даст медиҳад.

Тоҷикон мардуми бохирад ва дурбинанд. Ҳамеша дар мавриди баҳсҳои динӣ боандеша сухан меронанд. Дар мавриди дар сомона ҷо намудани  ҳар гуна тарғиботи динӣ пеш аз ҳама набояд фаромӯш кард, ки ҳоҷат ба тарғиб нест, зеро замоне зиндагӣ дорем, ки мардум мусалмонанду аз рукнҳои динӣ огоҳанд. Дар Тоҷикистони мо  нисбати дин ягон монеа вуҷуд надорад. Дари ҳамаи масҷидҳо боз аст.

Мардумро бо фиреб ва найранг ба доми бало гирифтор сохтани ҳизбҳои гуногуни динӣ, ба мисоли ТЭТ ҲНИ маълум аст, ҳоҷати шарҳу эзоҳ нест, зеро мо солҳои 90-умро аз хотир фаромӯш насохтаем. Тоҷикистон дар охирҳои асри гузашта аввалин давлатест, ки бо терроризм ва террористон рӯ ба рӯ гардида, мардумаш сабақи хуби таърихӣ гирифта, имрӯз  ба ҳеҷ гуна сомонаҳо бовар надорад.

Пешрафти техника  ва технология ин маънои онро надорад, ки давлатҳо бо ҳам душманӣ варзанд,  баръакс мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ваҳдат ва ягонагиро  тақозо дорад. Вабои аср Ковид-19 тамоми сайёраро фаро гирифтааст ва  инсоният дар якҷоягӣ роҳи ҳалли ин масъаларо  ҷӯяду ёбад. На бовоситаи сомона иғвогарӣ намояд.

Рахматова Д.А. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like