Спартакиадаи варзишӣ кормандони соҳаи маорифро сарҷамъ кард
11 феврали соли равон дар Маҷмааи зебову замонавии варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Спартакиадаи варзишӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии варзишӣ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, раиси Шӯрои иттифоқҳоии касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов иштирок ва баромад карданд. Дар Спартакиадаи мазкур устодону кормандони муассисаҳои касбии миёнаву олии вилоят аз рӯи чор намуд: волейбол, тенниси рӯи миз ва шашкаву шоҳмот байни ҳам рақобат карданд.
Чорабинии варзишӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни кормандони соҳаи маориф арзёбӣ мегардад. Спартакиада байни дастаҳо ҷараён дошта, санаи 12 феврал ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо туҳфаву медалҳои мусобиқа қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
























