Баргузории конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ба маҷлиси Олӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он”
Дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он” баргузор гардид. Дар конфронси мазкур раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ Шӯҳрат Саидзода, сардори раёсати илм ва инноватсия Зарина Самадова аъзоёни Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъоли ихтисоси сиёсатшиносӣ ширкат варзиданд.
Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ, дотсент Шӯҳрат Саидзода оғоз гардида, қайд шуд, ки чун ҳамасола имсол низ дар Паёми Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷа дода шуд. Сохта ва ба истифода дода шудани иншооти зиёд дар ин самт, зиёд намудани мактабҳои гуногун ва ба таври васеъ ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дар идома, асистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Суннатулло Латипов дар мавзӯи “Нақши Паёми Пешвои миллат дар татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон” баромад намуда, Паёми Пешвои миллат ва нақши онро дар татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон зикр намуд.
Инчунин магистранти бахши аввали ихтисоси сиёсатшиносӣ Мирзокомил Комилов дар мазӯи “Ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистон бо давалатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ” баромад кард. Иброз шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат дар самти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳову созмонҳо қайд шудааст, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо – Руссия, Хитой, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар идомаи конференсия ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ Сӯҳроб Комилов дар мавзӯи “Рушди иқтисодиёти миллӣ дар Паёми пешвои миллат” баромад намуда, нуқтаҳои асосие, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат вобаста ба самтҳои иқтисодиёти миллӣ гуфта шудааст, баррасӣ кард.
Пас аз маърӯзаҳо саволу ҷавоб ва музокирот байни иштирокчиён суръат гирифт. Дар охири конфронси мазкур сардори Раёсати илм ва инноватсия дотсент Зарина Самадова суханронӣ намуда, аз ширкаткунандагон даъват ба амал овард, ки минбаъд низ дар чорабиниҳои гуногуни донишгоҳ фаъолона иштирок намоянд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




