Аз комёбиҳои Тоҷикистон мухолифин дар кулфатанд

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон  Паёми навбатии худро ба мардум ироа менамояд, ки имсол он ба 26 январи соли 2021 рост омад.

Мисли пешина қувваҳои мухолифатпараст бинобар надоштани чашми дидани муваффақиятҳои кишвари махбубамон нисбати бандҳои алоҳида ва нуқтаҳои ҷудогонаи паёми имсола ҳаргуна фикрҳои подарҳаво ва беасосро баён намудаанд, ки мақсади ниҳоии он ба ғайр аз вайронкорӣ дигар ягон донаи мақсаднокро ба бор намеоварад.

Агар ба суханронии Президенти кишвар таваҷҷўҳ намоем омадааст, ки дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд.

Дида истодаем, ки ба мушкилоти соли 2020, ки бинобар хуруҷи бемории Ковид – 19, рушди иқтисодиёти ҷаҳони ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои дилхоҳ ва мақсадҳои созанда дар назди худ гузошта ба ояндаи хуби хеш бо таваҷҷўҳи хоса назар менамояд.

Ба назар мерасад, ки қувваҳои нохалаф интизор ҳастанд то кай давлаати мо ба бўҳрони вазнин гирифтор мешаваду доди мардум бланд мешавад ва аз ин ин гурўҳҳои сиёҳкор истифода мебаранд. Ин хел нахоҳад шуд, ба ба он хотир ки мардум меҳарасаду даҳонбаста ҳаст, балки ҳама аз сиёсати пешгирифҳаи давлату ҳукумат розӣ ҳастанд ва бо умед ба оянда менигаранд.  Зеро Президенти кишвар ба мардуми худ эътимод дорад, ба вай такя мекунад. Дар Паём оид ба ин чунин омадааст: «Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем».

Тоҷикистонро якҷоя ободу зебо менамоем, зеро ин аст роҳи рост ва ягонаи мо зери роҳбарии хирадмандони Пешвои мардуми сарҷамъу шарифи Тоҷикистон.

Солиев И.М. – н.и.ҳ, дотсент, мудири кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like