Иштироки донишҷӯён дар тренингҳо меафзояд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилаи тренингҳо дар мавзӯи “Идоракунии давраҳои лоиҳа” баргузор гардид. Тренингро мутахассис, тренери пуртаҷриба Мақсудҷон Арипов ба иштирокчиён таҷрибаи амалии навиштани лоиҳаҳои иҷтимоиро омӯзонд. Иштирокчиёни тренинг донишҷӯёни фаъоли ДДҲБСТ, инчунин ихтиёриёни озмоишгоҳи инноватсионии Парки технологӣ буданд. Дар натиҷаи 12 нафар иштирокчиён барои иштирок дар тренинг интихоб шуданд. Аз ин шумор 9 нафар ширкаткунандагон аз ҳамаи марҳилаҳо ва вазифаҳо бомуваффақият гузаштанд. Рӯзи охир иштирокчиён лоиҳаҳои худро дар гурӯҳҳо ба мутахассисон пешниҳод карданд. Дар ҷараёни тренингҳо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов, мушовири ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Абдураҳим Ҷӯраев, директори Парки технологӣ Абдураҳмон Маҳмудов иштирок ва баромад намуданд. Пас аз шунидани презентатсияҳои иштирокчиёни ҷавон, коршиносон ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд. Дар охири тренинг ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо супорида шуд. Озмоишгоҳи инноватсионии Парки технологӣ омода аст, ки ба ҷавонони ташаббускор дар рушди онҳо кумак ва мусоидат намояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа