Ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи шаҳрвандист

Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ Мубина Хоҷаева мулоқотро ифтитоҳ намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои ҷавонон махсусан донишҷӯён ҷиҳати боло бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва аргузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби ин қишри ҷомеа мусбӣ маънидод кард.Зикр шуд, ки  устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлату миллат  заминаи хуб мегузорад вале шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Дар идома, намояндаи ҷамъяити “Дониш” дар вилояти Суғд Мавлуда Шарипова иброз кард, ки ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд, илова гардид дар идома. Дар интиҳо аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд,  ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд то фирефтаи  гуруҳҳои манфиатҷӯ нагарданд ва дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ саҳмгузор бошанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like