Ҷалби кормандону устодон ба омӯзиши курсҳои ихтисосӣ

Такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маҳорати умумӣ, касбию педагогӣ, психологӣ, малакаҳои умумии касбӣ, сифати таҳсилот ва инкишофи нерўи зеҳнии омўзгор нақши муайянкунанда дорад. Бо назардошти ин бо мақсади баланд бардоштани малакаи тахассусӣ ва бозомӯзии кормандон ва устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ҷалби мутахасисони варзида семинару тренингҳо ташкилу баргузор гардиданд. Бо баргузории як ҷаласа иштирокчиёни семинару тренингҳо бо сертификатҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда иброз дошт, ки рушди илму техника дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки мо низ роҳу усулҳои нави таълимро ба роҳ монда, мутахассисони дорои қобилияти баландро омода созем. Роҳбари донишгоҳ ташкилу баргузории семинару тренингҳоро байни кормандону устодони донишгоҳ амри заруриву саривақтӣ арзёбӣ кард.
Сипас, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ба 170 нафар омўзгорони ДДҲБСТ, ДДХ ба номи академик Б.Гафуров, ФДДТ дар шаҳри Исфара ва Филиали Донишкадаи кўхӣ-металлургии Тоҷикистон, ки аз рўи равияҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, низоми иттилоот дар иқтисодиёт аз ҷумла 40 нафар аз рўи Барномаи «Технологияҳои иттилоотии навин дар раванди машғулиятҳо», ҳамзамон 20 нафар омӯзгорон аз рӯи «Барномаҳои иноватсонии соҳибкорӣ» аз курси такмили ихтисос гузаштаанд, шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки раёсати донишгоҳ, вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва барои баланд бардоштани савияи дониши технологӣ ва техникии омӯзгорон, шурӯъ аз санаи 13.01. то 22.01.2021 курси омӯзиши истифодаи технологияҳои нави мусоир аз ҷумла самаранок истифодабарии барномаҳои амалии компютерӣ, тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ ба роҳ монда шуда буд. Аз тарафи мутахассисони бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ, омӯзгорони собиқадори донишгоҳ ва ширкатҳои мобилӣ дар давраи гузаронидани курси мазкур, мувофиқи барномаи намунавии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи барномаи курс таҳия ва тасдиқ гардида, имконияту муаммоҳои асосии технологияи нави мусоир ва амалишавии он дар раванди таълим мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои риояи қоидаҳои беҳатарӣ дар раванди истифодабарии компютерҳои фардӣ, имкониятҳои нави системаи амалиётии Windows, имкониятҳои нави барномаҳои амалии MSWord, MSExcel, MSPowerPoint, истифодабарии шабакаи глобалии Интернет, истифодабарии барномаи сабти видеомашғулият ва ташкили онлайн машғулиятҳо бо барномаҳои замонавӣ, ҳимояи хуҷҷатҳои электронӣ ва азнавборкунии анбори барномаҳои зиддивирусӣ мақсад асосии курси мазкур буд. Инчунин, дар барномаи курси омӯзишӣ масъалаи истифодабарии тахтаи электронӣ ва проектор бештар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, мутахассисон дар аудиторияи махсус ба омӯзгорон зина ба зина пайвастшавӣ, насби барномаи махсус, имкониятҳои тахтаи электронӣ ва проекторро бо мисолу масалаҳо, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ба роҳ мондани чунин семинарҳои омӯзишӣ байни кормандону устодони донишгоҳ имконият медиҳад, ки таҷрибаву малакаи касбии онҳо баланд шуда, аз навгониҳои илмиву техникии муосир бархурдор гарданд.
You might also like