Паём-барномаи саодати зиндагӣ

Имрӯзҳо ҷиҳати расонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба аҳли ҷомеа гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби олимону устодон ва фаъолон ҳамарӯза дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

Чунин як мулоқоти озод бо иштироки собиқадорону кормандони КИ ХХДТ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид. Абдуҳаким Шарифов раиси Шӯрои собиқадорони КИ ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат сухан карда таъкид дошт, ки Паёми Президенти кишвар фарогири тамоми самтҳои хоҷагии халқ аз ҷумла  сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишвар мебошад.

Дар идомаи мулоқот устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Зеварой Бобоева перомуни таваҷҷӯҳу дастгириҳои давлату ҳукумат нисбати занону бонувон ва баланд гардидани мавқеи онҳо изҳори назар кард. Номбурда илова намуд, ки занонро лозим аст дар амалигардии дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида, саҳмгузор бошанд.

Дар ҷараёни мулоқот  устоди ДДҲБСТ Ҷамшед Тӯразода таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат ба ҳар як сокини мамлакат роҳнамо мебошад ва дар амалигардии дастуру супоришҳои зикргардида, ҳар сокини мамлакат бояд якдилона кӯшиш намоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like