Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ДДҲБСТ
Паём-барномаи саодати зиндагӣ таҳти ин унвон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар мулоқот раҳбарияти донишгоҳ, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони гуруҳҳои академӣ иштирок намуданд.
Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид, иброз намуд ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар оғози мулоқот. Зикр шуд, ки омили асосии пешрафти ҳар ҷомеа дар ҳама давру замон соҳаи илму маориф ба шумор меравад. Миллати бомаърифат ҳамеша хостори рушду боландагии ватанаш буда, дар ин зимн насли давронсозро барои фаро гирифтани донишҳо ҳидоят мекунад. Пешвои миллат ҳамеша ба соҳаи маориф ва илм афзалият медиҳанд ва ин матлаб дар Паёми имсола низ мушоҳида гардид. Аҳли илму маорифи кишвар аз он саодатманданд, ки дар Паёми навбатӣ низ Роҳбари давлат ба рушди соҳа, пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дурнамои рушд ва роҳу равишҳои навини таҳаввули илму маорифи кишварро ба таври мушаххас барномарезӣ намуданд, илова гардид дар идомаи мулоқот. Ректори донишгоҳ инчунин перомуни нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ки дар Паём зикр гардид, муълумот дод.
Сипас, аз ҷониби мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Ботур Олимов ва мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Шӯҳрат Саидзода Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тавзеҳ гардид.
Таъкид шуд, ки пешниҳоди бисёр муҳими Пешвои миллат дар Паём, эълони озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад, ки дар баробари озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои хонандагону донишҷӯён ва устодони риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад. Дар навбати аввал, таҳлили амиқ ва саривақтии натиҷаҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нишон дод, ки новобаста ба мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, ки ба он аз ҷониби худи Пешвои миллат ҳам ишора шуд, давоми ду сол таъсири муассире барои ба китоб рӯ овардани намояндагони табақаҳои мухталифи ҷомеа, хосса ҷавонону наврасон ва ҳатто кӯдакону калонсолон расонид.
Дар идома, баромадкунандагон дар мавриди сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, ки дар Паём Пешвои миллат ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд, сухан рафт.
Дар қисмати дуввуми мулоқот сарвари донишгоҳ аз роҳбарони гуруҳҳо, мудирони кафедраву деканони факултетҳо даъват ба амал овард, ки дар соатҳои кураториву дарсҳои тарбиявӣ Паёми Пешвои миллат ба таври васеъ ба донишҷӯён омӯзонида шавад. Он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар Паём зикр гардид барои амалинамоии он якҷоя бояд заҳмат кашем, гуфт Муъмин Шарифзода. Илова шуд, ки сол то сол миқдори озмунҳои ҷумҳуриявӣ бештар гардида истодааст, ки аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбати насли наврас, ҷавонон ва дар умум аҳолии мамлакат гувоҳӣ медиҳад. Дар баробарии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” роҳандозии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” исботи гуфтаҳои боло мебошад. Роҳбари донишгоҳ аз тамоми иштирокчиён хост ҷиҳати иштирок дар озмунҳои мазкур ба таври ҳамешагӣ корбарӣ намоянд.
Дар интиҳо таъкид шуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиии кишвар барномаи мукаммали рушти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат буда, омӯзиши амиқи он ва дар амал тадбиқ гардонидани дастуру супоришҳои зикрёфта, вазифаи ҳар сокини кишвар мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа