Кабирӣ ва командаи “нафақахурони ӯ”
Дар арсаи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри 21 яке аз чеҳраҳои намоён, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ташаббускорӣ ҳалли проблемаҳои глобалии инсоният Эмомалӣ Раҳмонро шинохт, эътироф кард ва эҳтиром менамояд.
Имрўз душманони халқи тоҷик ободӣ, пешравӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, ояндабинии Пешвои миллатро дида натавониста бо роҳи навиштани мақола, сохтани роликҳо ва дигар тарзҳои ба худ хос изҳори андеша менамоянд ва барои мардумро ба гумроҳи бурдан, интишор мекунанд. Мутаассифона ин фикрҳои хоми аъзоёни Ҳизби террористӣ-экстримистии наҳзати ислом дигар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор намеояд, зеро халқи тоҷик, мардуми шарифи Тоҷикистон ба хуби дарк кардаанд, ҳама рўза рўйдодҳои муҳими дар кишвар ба вуқўъ меомадаро баҳо дода ба ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона боварии комил доранд ва сиёсати хирадмандона, ятимпарварона, бунёдкорона, маорифпарваронаи Пешвои миллатро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд, пайравӣ мекунанд ва барои дар амал татбиқ гардидани ин сиёсат кўшиш ба харҷ дода истодаанд.
Масъалаҳои дар мақолаи Исломиддин Садиров, нафақахўр, собиқадори меҳнат навишташуда хонандаи босавод, соҳибзаковат, дирўзро бо имрўз муқоиса карда метавонистаро ба фикр кардан моил мекунад, ки агар дар асл ин шахс нафақахўр, собиқадори меҳнат бошад бо кадом ақл ва виҷдон чунин ҳарфҳои беасосро рўи қоғаз оварда нашр намудааст.
Пешвои миллат дар ҷодаи идораи давлатӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таҷрибаи кофии давлатдорӣ доранд. Ободӣ, пешравӣ ва бунёдкориҳое, ки дар тўли солҳои соҳибистиқлолии давлат ба даст омадааст дар тамоми даврони Иттиҳоди Шўравӣ халқи тоҷик надидааст.
Дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳори мардумӣ” тамоми гўшаву канори кишварамон ободу зебо гардидааст ва боварии комил дорам, ки дар солҳои минбаъд боз аз ин ҳам ободу зебо мегардад.
Баромадҳо, суханрониҳо ва мулоқоту суҳбатҳои Пешвои миллат бо мардум самимӣ, ошкоро ва аз сидқи дил мебошанд, ки кули мардуми кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун “Президенти мардумӣ” қабул кардаанд. Суханҳое, ки берун аз қоғаз Пешвои миллат бо мардум иброз медоранд, ҳамааш ба манфиати халқ, миллат ва давлат мебошад.
Ворид намудани тағийру иловагиҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба хотири шахсиятҳои алоҳида балки тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баназаргирии пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ коркард ва бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ ин муаммо нафақат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад имрўз шаҳрвандони давлатҳои абарқудрат низ барои меҳнати ба худ мувофиқ ба кишварҳои дигар ҳиҷрат мекунанд.
Хулоса агар ҳар як нуқтаи назари дар мақола овардашударо таҳлил намоем ин ҳама сабабҳои объективӣ, амару рафтори дурусти Роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати мамлакат ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Ҷанги аз сар гузаронидаи халқи тоҷик ин ҷанги таҳмилӣ буд ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки ин ҷанг Тоҷикистонро ба даҳсолаҳо қафо бурд, хисороти калони ҷонӣ ва молӣ расонд. То ба имрўз аъзоёни Ҳизби террористӣ экстремистии наҳзати исломи Тоҷикистон аз роҳи худ нагашта ба ҷанги иттилоотӣ даст задаанд, ки бо суханҳои беасос, бедалел дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, дигар ягон фарди солимфикри ҷомеа ин ҳодисаҳоро ба ёд овардан намехоҳад.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., муаллими калони
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ