Рисолат.тҷ сомонаи наҳзатӣ
Имрӯз дар замони муосир бо баробари пешравии ҳаёти иҷтимоӣ, ки талаботи инсон ба техника зиёд гардида истодааст махсусан ҷомеаи ҷавон ҳамарӯза аз интернет бисёр истифода менамоянд. Ва бесабабу босабаб чӣ қадар вақти худро ба интернет сарф мекунанд, ки пеш аз ҳама мумкин зарар ё фоида ба ҷомеаи иттилоотикунонидашуда бошад. Назорати махсуси оила ба насли ҷавонро бо риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷоннок намуда барои ба гумроҳӣ дучор нагардидан пешгирӣ намуд.
Имрӯзҳо Паймони миллӣ ва ТЭТ ҲНИ боре фикр мекард, ки чи қадар ҷунбишҳои бесарусомоне ба миллату сарзамину инсоният оварда истодааст.
Тоҷикони фироре, ки берун аз Ватану миллату меҳани худ дар солҳои 90-ум гардида буданд, ки ин ҳам айби ана ҳамин ҳизбиён буд, ки хушбахтона танҳо кӯшишу заҳмату ҷонбозиҳои Пешвои миллат буд, ки қисми зиёди онҳо боз ба Ватан баргардонида шуданд.
Чӣ қадар хуни инсонҳои бегуноҳро резониданду чӣ қадар ашки модарон рехтааст. Аз рӯйи ахбори ҳалқаҳои ба наҳзат наздик муайян гардид, ки онҳо таҳаммулпарастӣ ва зоҳиргарӣ доранд, ки гӯё “На ришро қабул дорад ва на бериширо”.
Аз таърихи башарият инсон зебоиро мепарастад ва бо баробари қалби зебо доштан симои зоҳирии инсон низ муаррификунандаи хислати инсонӣ мебошанд.
Мо медонем, ки дин ин адаб аст ва яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятист, яке аз қадимтарин ва устувортарин падидаҳои олами маънавии ҳар як халқ аст ва таъсири он дар ташаккулёбии ҷаҳонбинии ҳар як фард, хусусан ҷавонон, дар ҷомеаи имрўзаи мо хеле калон аст. Дин чун як рукни маънавии ҳастии ҷомеа бо тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқҳо махсусан тоҷикон пайванди мустаҳкаму ногусистанӣ дорад. Он дар тарбияи маънавию ахлоқӣ, худшиносии миллӣ, огоҳӣ аз фарҳангу дину таърихи халқҳои ҷаҳон ва шиносоӣ бо хусусиятҳои психологии тоҷикон, ки дар маданияташон зоҳир мешавад, то ҳоло нақши калоне дорад. Фаҳмидани таърих пеш аз ҳама ба мо имконият додааст, ки маданияти тоҷикон, бе шиносоӣ бо дин, бо таъриху фалсафаи он ғайриимкон аст. Гумроҳи сиёсат гардидан наметавонад, нафареро ки хиёнат ба модару Ватани хеш намудааст бубахшад. Гумроҳони сомонаи «Рисолат.тҷ» вақте, ки дар бораи ТЭТ ҲНИ менависад гӯё Амрикоро кашф карда бошад. Ба ҳар қавм маълум аст, ки Кабирӣ ба гуфти нависанда як нафари дорои тафаккури нимамаҳалӣ бо олудагии биёбонӣ, алломатарош бо донишҳои сатҳи пасти музахрафотӣ ва тобеи нафси армонии омехта мебошад. Ҳамин як ҷумла, маниши Кабириро хулосагирӣ мекунад. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Бале аз чунин инсони манфуру паст ғайри гапҳои сафсатта боз чиро интизор шудан мумкин.
Лекин ба ҳар бобат шахсоне, ки ба Ватану модару меҳану таърихи аҷододи худ месӯзанд баъди хондани гапҳои фаҷ хомуш нишаста наметавонад ва қоғаз барои дармони дил ғуборҳои қалбро баровардан кумак мерасонад.
Мо ҳеҷ, замона ҳеҷ, дунё ҳама ҳеҷ,
Эй ҳеҷ зӣ баҳри ҳеҷ бо ҳеҷ мапеҷ.
Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас,
Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.
Ёдовар мешавем, ки наҳзатиҳо, ки дар тӯли 3 даҳсола 3 дафъа мазҳаб иваз карданд, марҳилаи ивазшавии чоруми худро интизоранд. Ёди хонандаи закӣ ҳаст, наҳзатиҳоро мардум «вовчик» яъне ваҳҳобӣ мегуфтанд.
Чӣ қадар, ки тавба накунад Кабирӣ боз ба ҳақиқати ҳоли худаш бармегардад. Ҳеҷо ҳеҷ бовариам намеояд, ки ӯ тавба намояд. Ҳаволаш ба худо бод.
Пӯлотова М.А. – муаллимаи калони
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ