Дар набарди ҷангҳои иттилоотӣ
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи муосир ин тарғиби васеъи ақидаҳои иғвоангез ва ғояҳои тундравонаи диниву мазҳабӣ аст, ки дар фазои иттилоотии кишвари мо тавассути баъзе нерӯҳои хориҷӣ ва гумоштагону муздурони дохилии онҳо ба таври мунтазам интишор дода мешавад. Маҳз ҳамин нерӯҳои дохиливу хориҷӣ буданд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо гардида, Ватанро вайрону мардумро саргардон карда буданд. Дар шароити кунунӣ низ нерӯҳои зиддиконститутсионӣ ва ифротгарои мазкур таҳти ҳимояи сарпарастони бурунмарзии хеш аз нав бо пайгирии пружаи исломи сиёсӣ мехоҳанд, ки дар зеҳнияти аҳли кишвари мо арзишҳои миллӣ ва ҷомеаи дунявиро беқурб карда, афкори оммаро ба нафъи худ шакл диҳанд. Дар ин ҷода пештар ва бештар аз ҳар нерӯи мухолифе ТТЭ ҲНИ ва ҳомиёни хориҷии он дастбакор шудаанд.
Бояд қайд кард, ки хоҷагони хориҷии наҳзатиҳо барои ҳамеша фаъол нигоҳ доштани ҷабҳаи ҷанги иттилоотӣ шабакаи пойгоҳҳои иттилоотиро сарпарастӣ мекунад, ки сомонаҳои “Ислоҳ.нет”, “Паём.нет”, “Востон-нюс”, “Наҳзат.орг”, “Рисолат.тҷ”, “Бомдод” ва ғайра аз зумраи онҳост. Ин сомонаҳоро на фақат ҶТ пойгоҳҳои иттилоотии ифротӣ медонад. Ба ин қарибӣ – 20-уми декабри соли равон дар торномаи www.ozodi.org оид ба фаъолияти сомонаи “Рисолат.тҷ” хабар нашр шуд, ки онро хоҷагони хориҷии ба ҳамаи аъзоёни ҷомеаи Тоҷикистон маълум сарпарастӣ мекунад. Ин сомона аз тарафи Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори 92 расонаи ифротӣ мамнуъ дониста шуд. Дар баробари ин, хоҷагони хориҷӣ, ки наҳзатро сарпарастӣ мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистони ҶИА хароб созанд. Бо ин мақсад гуруҳҳои терористӣ ва пеш аз ҳама қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ – созмони “Ансоруллоҳ”-ро мавриди истифода қарор медиҳанд. Анҷом ёфтани ҳамлаи террористӣ аз сӯи ин созмон ба вулусволии Моҳимайи Афғонистони Бадахшон санаи 19.11.2020 с. ва зимни он кушта шудани даҳҳо нафар исботи ин гуфтаҳост. Яъне бо ин амалҳо наҳзатиҳо ва пуштибонҳояшон мехоҳанд ба Тоҷикистон фишор оранд ва давлату миллати моро тарс диҳанд.
Дар замони ҳозира ҷанги иттилоотӣ беш аз пеш шиддат гирифта истодааст, ки ҳадаф аз роҳандозии он ҳамвор кардани роҳ барои дахолати амалии субъектҳои сиёсӣ дар қаламрави объектҳои сиёсӣ ва дастрасӣ ба сармояҳои табииву инсонии онҳост. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки барои ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ ва идеологии кишварамон беш аз ҳарвақта талош варзем. Воқеаҳои охири Белорусу Қирғизистон бозгӯи онанд, ки то чӣ андоза зеҳниятсозӣ ва мағзшӯии ҳадафмандонаи коргардонҳои саҳнаи геополитикӣ метавонад таъсиргузор бошад. Тазоҳуроту бархурдҳои иҷтимоиву сиёсие, ки дар кишварҳои мазкур сурат гирифтаву ҳанӯз ҳам ҷараён доранд, бидуни шубҳа паёмади таҳоҷуми иттилоотие ҳастанд, ки давлатҳои муайян онҳоро ба хотири манофеи худ роҳандозӣ мекунанд.
Бинобар ин, ҳифзи амнияти фазои иттилоотӣ ва идеологии кишвар дар шароити кунунӣ масъалаи воқеан мубрамест, ки масъулияти анҷом додани онро ҳар фарду марду ҷомеаи мо бояд дарк кунад ва дар ин росто дастбакор шавад. Дар ин ҷода беш аз ҳама шаҳрвадон ва аҳли зиё ва ҷавонони фаъоли кишвар бояд пешсаф бошанд.
Латипов С.У. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ