Сомонаҳои Паймони миллӣ қобили таваҷҷўҳ нестанд!
Яке аз хадафҳои асосии Ҳукумати кишвар имрўз ин барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани бехатарии давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб мебошад, ки имрӯз ба ҳаёти тамоми шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳон хатарнок ва таҳдидовар мебошад. Аз ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ талаб ва хоҳиш карда мешавад, ки гирифтори ингуна ифротиҳо ва суханони пур аз фиребу дурўғи он нафарони хоин нагарданд.
Онҳо бо ҳар роҳу усулбо маълумотҳои нодурустро дар байни мардум паҳн карда, мехоҳанд дар ҷомеа низоъ андозанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кўшиш менамоянд ва дар рафъи ингуна зуҳуроти нафратовари ҷомеа, ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд, инчунин баҳри нигоҳдории ҷони ҳар шаҳрванди кишварро аз ин гуна нафарони номатлуб кўшишҳои зиёде намуда истодаанд.
Воқеаҳои солҳои 90-ум исбот намудааст, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон ин таҷрибаест барои дигарон. Зеро ки барои расидан ба ин ҳадаф мардуми шарафманди тоҷик аз чӣ қадар ҷоннисориву ҷонкоҳиҳо гузаштааст. Ва расидан ба ваҳдати миллӣ ин кори осон набуд. Нигоҳдории сулҳу субот дар кишвар ин вазифаи ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллат ба шумор меравад.
Маҳз давлат барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд, то ки барои содир нашудани чунин кирдорҳо ва дар ҳолати содир шудани онҳо чораҳои муҷозот ва ҷазои онро пешбинӣ намудааст.
Имрўз мо хуб медонем, ки ҳар як кидори зиддиҳуқуқӣ албатта сазовори ҷазо аст. Аз ҳамин лиҳоз шахс медонад ва ё намедонад барои содир намудани қонуншиканӣ ҷазои муносиб тибқи қонунгузори ҷории ҷумҳурӣ барояш чораҷўӣ карда мешавад. Чӣ тавре маълум аст, надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Мақсад дар сари он аст, ки дидаю дониста ба фиребу найрангҳои хиёнаткорони миллат бояд напечид.
Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Имрўз тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани ингуна ташкилотҳо ҷидду ҷаҳд мабарад. Албатта самаранокии кори онҳоро мушоҳида мекунем, ки онҳо ин намуд ташкилотҳои зиддиқонуниро дастгир намуда фаъолияти онҳоро қатъ менамоянд.
Мутаассифона, фаъолияти онҳо дар ҳар гўшаву канори дунё ба амал омада истодааст, ки несту нобут ва решаканд намудани он яке ҳадафҳои асосии амнияти кишвар мебошад. Гурўҳҳои терористӣ мехоҳад аз рўи таҳлилҳои воқеии худ ҷомеаро ба худ ҷалб намояд. Лекин не, он душманони миллат нахоҳад ба мақсадҳои манфури худ расид. Имрўз мардуми мо тафаккури баланд, соҳиби илму маърифат ва ба ҳар гуна ҳолатҳои гуногун баҳои ҳуқуқӣ дода метавонанд.
Моро зарур аст, ки дар рушд ва такомули илму дониш ҳамаи чораҳои мушаххасро андешида бошем, на бо баҳсҳои сиёсие, ки идеалогия ва сиёсати хориҷӣ имрўз чӣ мехоҳад. Албатта донистани сиёсати имрўзаи ҷаҳон зарур ва мувофиқи мавқест. Ҳадаф дар он аст, ки мо – ҷавонон пеш аз ҳама мавқеи мафкураи сиёсиамонро нисбати вазъи имрўзаи ҷаҳонӣ мушаххасан муайян карда бошем. Аз бекорӣ бисёр фикрҳои нодаркор ва ҳатто зараровар ва дар айни замон зиддиятҳои манфиатҳо ба миён омада, барои қонеъ гардонидани талаботҳои иловагӣ дар руҳияти инсон ба вуҷуд меояд. Аммо аз таҷрибаи зиндагии ҳар як шахс маълум аст, ки дар ягон ҷо кори бе дарду осон нест, ки бар ивази он музди бисёре муайян карда шуда бошад. Терроризм ва экстремизм ҳанўз чун хатарӣ глобалӣ муаррифӣ шудааст ва ҳар гуна таҳлил ва омўзиши он як нитиҷаи ниҳоиро ба вуҷуд меоварад. Яъне расонидани зарар ба аҳолии осоишта, вайронкорию ғоратгарӣ ва дигар бисёр намудҳои зарарро мисол овардан мумкин аст, ки аз ҷониби онҳо нисбати қишри осоиштаи ҷомеа нигаронида шудааст.
Абдувоҳидов М. – ассистент кафедраи ҳуқуқи
соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ