Маҷлиси ҳисоботии солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”

Санаи 14-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди маҳаллаи  “Суғдиён” баргузор гардид. Дар кори маҷлиси ҷамъбастӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”, ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд   Муҳаббат Ӯрунбоева, аъзоён ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Сараввал ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон”, ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода  оид ба фаъолияти соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда ба соли 2021, аз ҷониби иштирокчиёну аъзоёни ҳизб шунида шуд. Зикр гардид, ки аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди маҳаллаи  “Суғдиён” баҳри дар амал тадбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбамон, муҳарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва кумиҷрояи вилоятиву шаҳрӣ тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Пас аз шунидани ҳисобот иштирокчиён ва меҳмон, роҷеъ ба фаъолияти созандаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” дар назди маҳаллаи  “Суғдиён” баромад намуда, фаъолияти кори кумитаи мазкурро хеле хуб ҳисобиданд ва якчанд пешниҳодҳо оиди беҳтар кардани фаъолияти минбаъдаи он ироа гардид.

Дар интиҳои маҷлиси ҳисоботии ҷамъбастӣ дафтарчаҳои ҳизбӣ ба аъзоёни нави ҳизб ва ба пешсафони ҳизбӣ бошад, Ифтихорномаву тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like