Ғолибияти донишҷӯи ДДҲБСТ дар озмуни ҷумҳуриявӣ

Дар партави сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни лаёқатманду соҳибистеъдод ҳамасола озмун барои дарёфти Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир менамояд. Боиси хушнудист, ки донишҷӯи соли 3-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳидоятова Манижа дар озмуни мазкур ширкат варзида соҳиби ғолибият гардид.
Раёсати донишгоҳ ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ Ҳидоятова Манижаро самимона табрик намуда, барояшон комёбиҳои беназир таманно доранд.

You might also like