Сенарияи кӯҳнашудаи наҳзат
Дар табрикоти идонаи роҳбари наҳзат нависанда ҳамеша мекӯшад ҷанбаъҳои мусбӣ ва манфии образи офаридаашро нишон диҳад. Ва дар ин замина саҳнае офарад, ки он барои хонанда як чизи нав ва пандомезе гардад.
Лек Кабирӣ дар табрикоти худ танҳо ба овозаҳое, ки худ онро месозаду бовар мекунад, ки ҳақиқат аст, далеле чанд овардааст. Ва худ низ қоил аст, ки вирус иқтисоди тамоми дунёро ба сатҳи поин бурд. Аз он ҷумла, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсир расонд. Чаро ӯ аз ҷиҳатҳои мусбӣ ва аз пешравии Тоҷикистон чизе нагуфтааст, ё онро нодида гирифтааст. Тоҷикистон аз давлатҳое, ки дар байни ҳамсоягони худ аз оғози беморӣ гирифторӣ ба ин вирус зиёд набуда, табибон тез роҳи муолиҷаи онро дарёфт намуданд.
Кабирӣ муттаҳамона маҳз мардумро гумроҳ карданист, ки ин пастравиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон бо гуноҳи сарварони он аст. Ҳол он ки бо кӯшишу талош ва ҷонбозиҳо, умед ба рӯзи нек доштан, ҳамеша покандешӣ ва назари нек доштани мардуми заҳматкаши тоҷик ӯро аз ин бало раҳонд.
То нек нагӯӣ, нек наояд, мегӯяд халқ, аммо ба мисли шумо барин тоифаҳои пастфитрат, ки бад меандешеду ҳамеша бадӣ мехоҳед, имрӯз ба ҳоли мардум нигариста механдед, ки чӣ тавр зиндагӣ дорад. Аммо шумо ва ҳаммаслаконатон хато мекунед, зеро халқи тоҷик ҳамеша бо иродаи қавии худ ҳазорҳо балоро паси сар намуда буд, албатта аз ин бало низ раҳо меёбад. Беҳуда табли шодӣ назанед, ки дигар мардум ба шумобарин аҳмақон бовар надорад. Ба мисли худ аҳмақу кӯрнамаконро гумроҳ кардан гиред.
Тоҷикон мардуми босабру таҳаммуланд ва ҳеҷ гоҳ теша ба решаи худ нахоҳад зад.
Аҳли устодони кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ