Устоди ДДҲБСТ соҳиби Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардид

Мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовини раиси шӯрои олимони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Шӯҳрат Саидзода ба гирифтани  Ҷоиза ва Дипломи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон дар соли 2020 сарфароз гардид. Ҷоиза ва Дипломро ба устоди ДДҲБСТ Президенти Академия Фарҳод Раҳимӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард. Бояд гуфт, ки ҷоиза ба кормандони ҷавони илмӣ, аспирантҳо, омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти оли касбии синашон то 35-сола (дорои дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм), ки дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология, техникӣ, биологӣ, тиббӣ ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ дастовардҳои назарраси илмӣ доранд, сарфароз гардонида мешавад.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Шӯҳрат Саидзодаро барои дастоварди навбатӣ табрику шодбош намуда, дар корҳои илмиву ҷамъиятӣ барору комёбӣ ва муваффақият орзу менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like